Мо фарзандони Синоем: чаро Абдулло Давлатов мегӯяд, ки тоҷик бояд пизишки хуб шавад?

Обуна шудан
Мудири шӯъбаи терепевтӣ, пизишки номии тоҷик Абдулло Давлатов вазъи соҳаи тандурустии Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд роҳи ҳалли мушкилии соҳаи тандурстии Тоҷикистонро (аз ҷумла омодасозии кадрҳо ва тақвияти низоми пасаздипломии таҳсилоти тиббӣ, ҷалби коршиносони хориҷӣ, тарбияи пизишкони ҷавон) пешниҳод намуд, ки ба гуфтаи вай, мушкили соҳаро солҳои наздик ҳал мекунанд.

Давлатов о проблемах в сфере здравоохранения Таджикистана

"Ин мушкилии ситемӣ аст, ки пас аз пошхӯри Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин пас аз ҳодисаҳои солҳои 90-ум, ки бештари табибони баландихтисос тарки Тоҷикистон карданд, ба миён омад", - гуфт Абдулло Давлатов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ ёдрас шуд, ки дар даврони шӯравӣ, афзун бар он ки дар Тоҷикистон мактаби хуби тиббӣ буд, донишҷӯёнро барои баланд бардоштани ихтисосашон ба Маскав, Ленинград ва Киев ирсол мекарданд.
 "Маро ҳам аз ҷумла ба Маскав, Киев ва сипас ба Харкор равон карда буданд ва ин ба ихтисосам бетаъсир намонд", - гуфт вай.

Ба гуфтаи вай, пас аз солҳои 90 дар Тоҷикистон мутахассисони хуб кам монданд.

Ба қавли Давлатов бояд бо мактабҳои олии Русия робитаҳои профессионалӣ барқарор кард. "Дар Тоҷикистон ҳамаи пизишкон забони русиро медонанд ва барои онҳо гузаштан аз курсҳои тахассусӣ дар Русия мушкил нахоҳад шуд", мегӯяд пизишки тоҷик. 

 

Ӯ ёдрас шуд, ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон вазири нави тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таъин шуд.

"Ӯ марди кордон аст, ман боварӣ дорам, ки вай метавонад пешниҳодҳои президентро амалӣ кунад. Мо  насли Синоем ва бояд пизишки хуб шавем", - гуфт дар анҷом Абдулло Давлатов.

Лентаи хабарҳо
0