02:03 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13

Ҳакимов: иштироки ҲСДТ дар интихобот дар чунин шароит ғайриимкон аст

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
74220

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ сабаби иштирок накардани ҳизбаш дар интихоботи қарибулвуқуъи президентиро шарҳ дод

Раиси ҳизби ситсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров ахиран эълон кард, ки дар интихоботи қарибулвуқуъи  президентии кишвар иштирок нахоҳад кард.   

 

Хакимов о выборах в Таджикистане

 

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ иқдоми раиси ҳизбро ҷонибдорӣ кард ва чанд омилеро номбар кард, ки барои чӣ ҳизб дар интихоботи президентӣ иштирок карда наметавонад.

“Дар ин шароит дар интихобот иштирок кардан ғайри имкон аст”, - таъкид кард Ҳакимов.

Яке аз сабабҳои аслӣ ин пеш овардани муҳлати интихобот. Интихобот бояд моҳи ноябр на ин ки октябр баргузор шавад. Ба гуфтаи сиёсатмадор ба номзадҳо вақт барои ҷамъоварии имзоҳои интихобкунандагон барои сабти номзад дар КМИР Тоҷикистон надоданд. Дар муҳлати кӯтоҳ (давоми 30 рӯз) ҷамъоварии 250-300 ҳазор имзои интихобкунандагон мушкил аст.

“Агар ба назар гирем, ки 1,5 миллион интихобкунанда дар хориҷи кишвар асту 500 ҳазор нафар аъзои ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст, ин корро анҷом додан хеле мушкил аст”, қайд кард ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ҳамин хотир, ҳизб интихоботи қарибулвуқуъро ғайриқонуни медонад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мухолифи давлат ба ҳисоб меравад. Аз замони ташкили ин ҳизб то имрӯз дар парлумони кишвар роҳ наёфтааст. Дар соли 2013 ҲСДТ инчунин интихоботи президентиро бойкот карда буд.

Ёдрас мешҳавем, ки интихоботи шашуми президентии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд. қаблан интихлботи президентӣ дар ҷумҳурӣ санаи 6 ноябр баргузор мешуд.

Дар ҳоли ҳозир, аз афт ҳизби сиёсӣ чаҳор номзад, аз ҳизби аграрӣ, ҳизби иҷтимоӣ, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ маълум шуд.

Нисбат ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ ҲСДТ ҳатто санаи баргузории маҷлиси ҳизбиро, ки дар он номзад ба курсии президент пешниҳод мегардад муайян накардааст.  

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Барчаспҳо:
интихобот, президент, ҳизб, иштирок, ҲСДТ, Шокирҷон Ҳакимов

Мавзӯъҳои асосӣ