02:54 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
463 0 0

Президенти Сурия Башор Асад раисиҷмуҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро саркардаи низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад дар суҳбат бо РИА Новости гуфт, низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ бо ибтикори раисиҷмуҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон сар шуд.

"Ӯ террористонро дар Ливия дастгирӣ мекунад, ӯ саркардаи низоъ миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ аст", - қайд кард президенти Сурия.

Ба гуфти ӯ ҷангҷӯёнро аз манотиқи Сурия ба Қарабоғи Кӯҳӣ интиқол медиҳанд ва Димишқ метавонад инро тасдиқ кунад.

"Мо метавонем инро тасдиқ кунем, вале на ба хотири он, ки далел дорем. Гоҳе далел нест, вале ишора ба он ҳаст", - қайд кард Асад.

Ба гуфти раҳбари Сурия, Туркия дар Сурия террористонро аз ҳар давлати дунё истифода мекард.

"Оне, ки Туркия дар Қарабоғи Кӯҳӣ низ ҳамон методҳоро ба кор мебарад, ба овардани далел ниёз надорад, бо эҳтимоли бузург чуноне ман гуфтам, маҳз Туркия ин минтақаро ба чунин мушкил мувоҷеҳ кард", - гуфт ӯ.

"Туркия мехост ба чизе ноил шавад ва имрӯз ҳам мехоҳад ҳамон методҳоро ба кор барад. Ва мо бо боварии том гуфта метавонем, ки ӯ террористҳои дар Русия ва дигар кишварҳо бударо дар Қарабоғи Кӯҳӣ истифода мекунад", - хулоса кард Асад.

Туркия - асбоби "кишварҳои доро"

Ба гуфти Асад, Эрдуғон ба хотири он ҷангро оғоз мекунад, то таваҷҷӯҳи туркҳоро, ки пас аз қазияи ошкор шудани алоқаи ӯ бо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"* бархост, ба дигар тараф кашад.

"Ӯ ҷангро дар манотиқи гуногун барои он оғоз мекунад, то таваҷҷӯҳи дохилӣ, махсусан пас аз алоқаи баҳсноки ӯ бо "Давлати Исломӣ"* дар Сурияро, аз байн барад. Ҳама медонанд, ки "Давлати исломӣ"* нафти Сурияро тариқи Туркия савдо мекард. Ҳамин аст ҳадафи онҳо, ва ин хатарнок аст", - қайд кард раҳбари сурӣ.

Ҳаммаслакони Эрдуғон дар тарафтории терроризм ба гуфти Асад "кишварҳои доро" ҳастанд ва Анқара асбоби сиёсати онҳо шуд.

"Мафҳуми "ҷомеъаи байналмилалӣ" дар асл гурӯҳи начандон калони -  давлатҳои бузург ва кишварҳои сарватманд аст. Аксари ин ҷомеъаи ҷаҳонӣ - ҳаммаслакони Туркия - тарафдорони терроризм мебошанд. Ҳамин тавр, онҳо медонанд, ки Туркия чӣ кор мекунад , ба онҳо ҳар коре, ки Туркия анҷом медиҳад, писанд аст, Туркия - барои паҳн кардани сиёсати он кишварҳо дар ин манотиқ - асбоб аст", - гуфт Асад.

Шарҳи Кремл

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков фикри Башор Асадро дар бораи Қарабоғи Кӯҳӣ дар сӯҳбат бо РИА Новости, шарҳ дод.

"Мо бо ҳамаи изҳороти сарони кишварҳо бодиққат ошно мешавем , - гуфт Песков дар посух ба суоли "оё дар Кремл бо изҳороти Асад ошно шуданд.

Ҷангҷӯёни хориҷӣ

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон пештар гуфта буд, ки 300 ҷангҷӯй тариқи шаҳри Ғазиантеп ба Боку интиқол дода шуданд. Ба гуфти ӯ инҳо ба гурӯҳе, ки дар Алеппо фаъол ҳастанд, тааллуқ доранд.

Пас аз изҳороти Макрон президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев аз Порис талаби узрхоҳӣ кард ва гуфт, ки Озарбойҷон зархарид надорад. 

Пештар як манбаъ аз мухолифини Сурия, ки бо қазия ошност дар суҳбат бо хабаргузорӣ гуфт, дар Қарабоғи кӯҳӣ 93 зархарид аз Сурия кушта шуда, ҷасади 53 нафар ба кишвар оварда шуд.

Манбаъи дигар ба хабаргузори РИА Новости тасдиқ кард, ки то моҳи октябр ба Қарабоғ 322 зархарид аз Сурия ворид гардиданд.

ВУХ Русия дар навбати худ нисбати хабари интиқоли ҷангҷӯён ба манотиқи даргир изҳор ингаронӣ кард. Бино ба гузориши ҷониби Русия ба минтақаи даргир аз Сурия ва Ливия барои ҷангидан террористҳоро интиқол медиҳанд.

Шиддати муқовимат

Субҳи 27 сентябр вазъият дар Қарабоғи Кӯҳӣ бад шуд. Боку ва Ереван уҳдадорӣ барои шиддат гирифтани низоъро бори якдигар мекунанд. 

Вазъ аз он бадтар мешавад, ки Озарбойҷонро Туркия, ки узви НАТО аст, фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар навбати худ, Арманистон узви СПАД аст. Ҷамъияти ҷаҳонӣ ҷонибҳои даргирро ба хотима додан ба низоъ даъват кард.

Қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ

Низоъ ҳанӯз соли 1988 оғоз шуд, замоне, ки вилояти Қарабоғ дар бораи баромадан аз ҳайъати Озарбойҷон эълон кард. Дар паи даргирии хунин соли 1992-1994 Боку назорат дар ин минтақа ва ҳафт ноҳияи дигарро аз даст дод.

Аз соли 1992 инҷониб дар доираи созишномаи Минск бо раҳбарии Русия , Фаронса ва ИМА гуфтушунид барои бо роҳи сулҳ хотима бахшидан ба низоъ, идома дорад. Озарбойҷон ба ҳифзи тамомияти арзии худ исрор меварзад, дар ҳоле ки Арманистон манфиатҳои ҷумҳурии эътирофнашударо ҳимоят мекунад.

Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, низоъ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Башор Асад

Мавзӯъҳои асосӣ