18:27 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
214 0 0

Коршиносон мегӯянд, умеди Олмон барои тағйири мавзеъгирии ИМА нисбат ба "Маҷрои шимолӣ 2" дар сурати ба сари қудрат омадани Ҷо Байден бароварда намешавад

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Иқтисодчӣ Станислав Митрахович дар суҳбат бо радиои Sputnik ин андешаро шарҳ дод.

Рӯзноманигори Bild Юлиан Репке бар ин аст, ки умеди Олмон барои тағйири мавзеъгирии ИМА нисбат ба "Маҷрои шимолӣ 2" дар сурати ба сари қудрат омадани Ҷо Байден бароварда намешавад.

Ӯ гуфт, дар соли нав Вашингтон ин бандро тангтар хоҳад кашид ва ба ин чиз бояд омода шуд. Репкеро нияти ИМА барои ҷорӣ намудани таҳримот алайҳи ширкатҳои суғуртавӣ, ки бо корхонаҳои Русия ҳамкорӣ доранд, ба чунин хулоса овардааст.

Чуноне муаллифи мақола мегӯяд, ҳоло ягон маҳдудият нисбати Олмон пешбинӣ нашудааст, вале Байден метавонад "Маҷрои шимолӣ 2" - ро пурра "ба хок супорад".

Дар навбати худ, мушовири собиқи президенти пешини ИМА Борак Обама Бенҷамин Шмитт таъкид меварзад, ки демократҳо ва ҷумҳурихоҳон ҳарду нисбати гузаронидани лӯлаи газӣ аз Русия ба Олмон муносибати манфӣ доранд.

Коршиноси соҳаи энержӣ Алан Райли бар ин аст, ки ҳадафи аслии Байден бастани ин тарҳ мебошад.

Иқтисоддон, коршиноси Донишгоҳи тиҷоратии назди Ҳукумати ФР ва Бунёди амнияти энержии миллӣ Станислав Митрахович ҳодисаро якнавохт намешуморад.

Оё "таҳримҳои дузахӣ" - и замони Байден ба Русия таҳдид мекунад?

"Интизорӣ аз Байден номуайян аст. Аз як ҷониб дар гурӯҳи Байден одамоне ҳастанд, ки хостори шадидтар шудани таҳримот нисбати Русия мебошанд. Ва худи Байден ҳам Русияро аз диди манфӣ тасвир кард. Аз ҷониби дигар Байден метавонад бигӯяд, ки ӯ дар қиёс бо Трамп худпараст нест. Ва агар ӯ камтар худхоҳ аст, намешавад (урупоиён) бигӯянд: "мо ҳамкорӣ мекунем" ва боз тоб дода гӯянд "биёед нисбати ширкатҳои Урупо, ки бо "Газпром" ҳамкорӣ доранд, таҳримоти амрикоӣ ҷорӣ кунем. Барои ҳамин амалҳои Байден номуайян аст. Мебинем", - гуфт Станислав Митрахович дар суҳбат бо радиои Sputnik.

"Маҷрои шимолӣ 2" сохтани ду лӯлаи газро бо иқтидори умумии солона - 55 миллиард метри мукааб аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро пешбинӣ мекунад.

Лоиҳа аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, ки гази моеъи худро ба Иттиҳоди Урупо, инчунин Украина ва як қатор кишварҳои Урупо пешниҳод мекунад, мухолифат мекунад. Иёлоти Муттаҳида моҳи декабри соли 2019 алайҳи ин тарҳ таҳримот ҷорӣ кард ва аз ширкатҳое, ки дар насби лӯлаҳо ширкат мекунанд, талаб кард, ки сохтмонро боздоранд. Пас аз ин ширкати Швейтсария дар бораи қатъи кор хабар дод.

Миёнаҳои моҳи октябр, Вашингтон таҳримотро васеътар карда, ширкатҳоеро, ки барои навсозӣ ё муҷаҳҳазгардонии киштиҳои лоиҳа кумак мекунанд, ба таҳримот дохил кард.

Ҳамчунин бино ба гузоришҳои расонаҳо, Вашингтон ният дорад, нисбати ширкатҳои суғуртавӣ, ки бо киштиҳои Русия ҳамкорӣ мекунанд, таҳримот ҷорӣ кунад.

Барчаспҳо:
Русия, ИМА, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ