23:10 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15

Кондратев: Тоҷикистон метавонад барқро аз кишварҳои ҳамсояаш бихарад

Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
700 0 0

Коршиноси пажуҳишгоҳи энергетика ва молиявии Русия Сергей Кондратев гуфт читавр метавон мушкилоти норасоои барқро дар Тоҷикистон аз байн бурд

Сокинони Тоҷикистон аз овохири моҳи октябр инҷониб аз камбуди барқ шикоят мекунанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон аз борҳо таъкид карданд, дар ҷумҳурӣ ҳеҷ лимити барқие ҷорӣ нашудааст.

Чанде пеш муовини нахуствазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода чанд мушкилоти асосиро, ки ба воридоти барқ монеа шудааст гуфт. Пеш аз ҳама ин норасоии об дар обанборҳои НБО, афзоиши аҳолӣ ва масрафи зиёди барқ будааст.

Кондратьев об электроэнергетике в Таджикистане

Намояндаи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ низ дар суҳбат бо хабарнигорон аз камбуди захоири об низ ишора кард.

Дар ҳамин ҳол, Коршиноси пажуҳишгоҳи энергетика ва молияи Русия Сергей Кондратев афзуд, ки аз ҳама ҳолати осони бурунрафт аз вазъияти пешомада, ин хариди барқ аз кишварҳои ҳамсоя аст.

“Тоҷикистон дар солҳои ахир барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ба ҳамсоягонаш чораҳои ҷиддӣ андешид. Ҷумҳури метавонад аз кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама аз Ӯзбекистон барқ бихарад. Ин кишвар иқтидор ва имконияти барзиёд кардани истеҳсолотро дорад”, - таъкид дошт Кондратев дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон.

Об каму аҳолӣ зиёд шуд: шарҳи муовини сарвазир дар бораи “лимит”-и барқ

Аммо коршинос боварӣ надорад, ки дар шароити пандемияи вируси корона ҳукумат ба чунин иқдом даст занад. Ҳамчунин ғайри имкон аст, ки “Барқи тоҷик” тавонад хариди барқ аз кишварҳои ҳамсояро маблағгузорӣ кунад.

“Мо медонем, ки дар Тоҷикистон хатҳои интиқоли барқ хеле фарсуда шудаанд ва маблағгузории асосӣ ба сохтмони НБО “Роғун” равона шудааст. Кам шудани талафоти барқ ба таври чашмрас метавонист камбуди барқро дар ин кишвар коҳиш диҳад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз 17 то 20 дарсад талафоти барқ вуҷуд дорад”, - қайд кард коршинос.

Ёдрас мешавем, ки аз 7 январи соли равон  ширкати “Барқи тоҷик” дар хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмириро оғоз кардааст, ки қарор аст то охири ҳамин ҳафта идома ёбад.

 

Барчаспҳо:
мушкилот, ҳамсоя, камбуд, барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ