11:31 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
25000

Коршиноси рус, иҷрокунандаи вазифаи мудири Институти Шарқи дури Академияи илмҳои Русия Алексей Маслов дар бораи роҳҳои пешгирии таваррум гуфт

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2020 беқурбшавии пули миллӣ ба ҳадди ниҳоияш расид.

Бино бар иттилои Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон, нишондод бар хилофи пешбиниҳо, ба 9,4 дар сад расид.

Пештар коршиносон гуфта буданд, ки сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ аз 7 дар сад боло нахоҳад рафт.

Дар давоми сол дар кишвар арзиши хӯрокворӣ ба маротиб гарон шуд. Афзун бар ин, на танҳо маҳсулоти воридотӣ, балки ватанӣ низ қимат гашт. 

Алексей Маслов, коршиноси рус, иҷрокунандаи вазифаи Институти Шарқи дури Академияи илмҳои Русия гуфт, ки кодом чораҷӯӣ метавонад беқурбшавии пулро дар Тоҷикистон боздорад.

Ҳамчунин коршинос тавзеҳ дод, ки чӣ боиси баланд рафтани он гардид.

"Якумаш, ин аз қатъ гаштани бисёре аз равандҳои берунии иқтисодӣ, пеш аз ҳама равандҳои содиротиву воридотӣ, аз ҷумла, қатъи интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷ вобаста аст. Дар натиҷа, ин ҳам ба  камшавии содирот ба Русия ва Чин ва кам шудани гирифтани мол аз Чин оварда расонид", - гуфт Маслов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин равандҳо ба иқтисоди дохилӣ таъсири назаррас доранд. Бештари амволи тоҷикӣ, ба гуфтаи коршинос, бо далели баста будани марзҳо ба бозори беруна намебароянд. Барқароршавии ин равандро на зудтар аз мобайнҳои сол ва ё охири соли равон бояд интизор шуд, таъкид кард Маслов.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

Коршинос мегӯяд, ки аз ҳама роҳи самарабахши пешгирии беқурбшавӣ, ин рушди бозори дохила мебошад.

"Ин пеш аз ҳамаҳавасмандкунии рушди тиҷорати хурду миёна, ба таври максималӣ коҳиш додани андоз, озод кардани истеҳсолкунандагони хурд аз ҳама намуди андоз ва ғайра мебошад", - қайд кард вай.

Ин амал ба афзоиши маҳсулоти дохила, маҳз ба ҳамон, ки боиси инфлятсия гардидааст, оварда мерасонад.

"Ин гречка, равғани маска, маҳсулоти нонӣ ва ғайраҳо аст, ки бояд истеҳсоли онро афзоиш дод", - афзуд коршинос. 

Мавзӯъҳои асосӣ