Давлатов: дар Тоҷикистон иммунитети коллективӣ ҳосил шуд

Обуна шудан
Вазъи набудани коронавирусро дар Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи ахир пизишки машҳури тоҷик Абдулло Давлатов шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Мудири шӯъбаи терапевтии яке аз дармонгоҳҳои Маскав, доктори тоҷик ва собиқ роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Маскав Абдулло Давлатов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод.

Ҳамчун тасдиқи аввалини мағлубияти Тоҷикистон аз коронавирус, мутахассис таҷрибаи шахсии тиббиашро мисол овард.

"Қаблан ҳамватанонам ҳар рӯз ба ман муроҷиат мекарданд, 3-4 нафар бо шикоятҳои гуногун шабеҳи COVID-19, ки пас ташхис тасдиқ мегардид. Аммо якуним-ду моҳи охир ягон шикоят набуд. Як-ду маротиба  аз сулфа шикоят карданд, аммо коронавирус истисно буд ", - нақл кард Давлатов.

Коршинос қайд кард, ки аз оғози пандемия мақомоти Тоҷикистон саривақт чораҳои шадид андешиданд, ки ба эҳтимоли зиёд ба паҳншавии беморӣ таъсир расонданд.

Главврач ГКБ им. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон
Мясников: Тоҷикистон аз сироятёбии сартосарӣ аз коронавирус канор намемонад

Духтури тоҷик афзуд, ки дар Тоҷикистон, ҳарчанд мақомот чӣ қадар кӯшиш кунанд ҳам, дурии иҷтимоӣ ва дигар меъёрҳои санитарӣ риоя намегардад - мардум танҳо чораҳои пешгирикунандаро нодида мегиранд.

Ман фикр мекунам, ки ба эҳтимоли зиёд, иммунитети коллективӣ ташаккул ёфтааст. Зеро дар кишвар аз коронавирус хело мардуми зиёд сироят ёфтанд ва бемориро аз сар гузарониданд. Маъмулист, ки пас аз он ки бисёриҳо ин бемориро аз сар гузарониданд, коронавирус ақибнишинӣ кард ва дар охир нест шуд", - гуфт мутахассис.

Суханони коршиносро иттилоот аз як ҷаласаи моҳи октябри Вазорати тандурустӣ, ки ба паҳншавии коронавирус бахшида шуда буд, тасдиқ мекунад. Дар он коршиносон гуфтанд, ки тақрибан 80% одамони гирифтори COVID-19 дар Тоҷикистон нишонаҳои ин бемориро надоштанд. Барои ҳамин, омори нафаронеро, ки коронавирусро бе ягон нишона гузарониданд дақиқ кардан ғайриимкон аст.

Коронавирус дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон коронавирус рӯзи 30 апрел ошкор шуд. 15 нафар сироят ёфтанд. Қурбониёни ин беморӣ рӯзи 2 май ба қайд гирифта шуданд.

Вазорат аз ҷамъбасти рӯзи 15-ум бидуни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Тибқи омори вазорати тандурустӣ, дар  маҷмӯъ, дар давоми пандемия дар  Тоҷикистон 13308 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 90 бемор аз он фавтиданд. Духтурон тавонистанд 13218 нафарро табобат кунанд.

Ҳоло тибқи иттилои вазорат, омори гирифторшавӣ ба сифр баробар аст.

Лентаи хабарҳо
0