Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, 31 марти соли 2021 бо имзои тағйирот ба қарори Ҳукумат, таҳти № 635-р, ки воридот ба кишварро ба далели пандемия маҳдуд мекунад, ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати вуруд дод.
Бар асоси тағйирот, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, тариқи нақлиёти ҳавоӣ ба Русия ворид шаванд. Вуруди тоҷикистониён ба Русия тариқи парвозҳои мунтазам бидуни маҳдудият бо пешниҳоди санади ташхиси коронавирус амалӣ мешавад.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки вуруди бидуни маҳдудият танҳо тариқи парвозҳои мунтазам иҷозат буда, тавассути парвозҳои чартерӣ бояд асос барои сафар ба Русия пешниҳод гардад.
Парвозҳои мунтазам миёни Русия ва Тоҷикистон аз аввали моҳи апрел оғоз гардида, аз ҷониби ширкати русии "Ютэйр" рӯзҳои ҷумъа ва аз сӯи ширкати "Сомон Эйр" рӯзҳои сешанбе амалӣ карда мешаванд.
20 матлаби дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала