22:34 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Акс

Машруби ҳероинӣ: роҳҳои интиқоли нашъа аз Тоҷикистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0
  • Чархи мошин
  • Баки бензин
  • Пойафзол
  • Телефони ҳамроҳ
  • Пораи собун
  • Хамираи дандоншӯйӣ
  • Хурмоҳо
  • Тюбики малҳам
  • Ширеш
  • Шишаи машруб (коняк)
  • Китоб
  • Бозичаи мулоим
  • Тӯбчаи теннис
  • Қуттии коғазии шарбат
  • Махфигоҳҳо ошкор шуданд
  • Хушнуд Раҳматуллоев дар осорхонаи АНМН
  • Осорхонаи хурди АНМН
Предоставлено Хушнудом Рахматуллаевым
Дар чархи эҳтиётии нақлиёт низ маводи мухаддираро ҷо карда, онро интиқол медодаанд. Чунин бозёфтҳо дар осорхона ба назар мерасанд.

Қочоқчиёни маҳаллии маводи нашъа дар пошнаи пойафзол, даруни муқоваи китоб, дохили бозичаҳои кӯдакона ва хамираи дандоншӯйӣ онро интиқол медиҳанд. Агентии назорат аз болои маводи нашъадор осорхонаи хурдеро аз ин "бозёфт"-ҳо пешниҳоди тамошобинон кардааст.

Осорхона ҳамагӣ як ҳафта қабл таъсис ёфтааст ва на он қадар "бозёфт"-и зиёд дорад. Ин ҳоло оғози кор аст, мегӯяд сардори маркази равобит ба ҷомеъаи АНМН Хушнуд Раҳматуллоев. Дар оянда васеъ кардани осорхона дар назар гирифта шудааст, агар "дастовард"-ҳо бештар шаванд, қайд кард ӯ.

Дар осорхона бозёфтҳои ҳақиқӣ нигаҳ дошта мешаванд. Дар онҳо нашъаҷаллобон мехостанд аз Тоҷикистон ба хориҷи он тариқи роҳи оҳан ва нақлиёт ҳероину афюнро интиқол диҳанд.

— Ин амал тариқи ҳавопаймо имкон надорад, — мегӯяд Раҳматуллаев. — Он ҷо, дар фурудгоҳ дастгоҳҳои махсус "мол"-ро зуд ташхис мекунанд.

Аз ин рӯ, бо роҳи ҳавоӣ танҳо интиқолкунандагоне ба интиқоли маводи мухаддира даст мезананд, ки бо роҳи фурӯ бурдан дар меъдаи худ ин амалро анҷом медиҳанд.

Ба таваҷҷуҳи онҳое, ки дар ин бора камтар маълумот доранд ва ё огаҳ нестанд, мерасонем, ки "контейнер", халтачаҳои майдаи ҳероиндор ва афюндорро фурӯ бурда, онро ба ҷои даркорӣ мебаранд. Баъзан вақт маводи мухаддираро тариқи дигар роҳ ба организм ворид карда, интиқол медиҳанд.

Чунин усул ба қочоқчиён имкон медиҳад, ки маводро интиқол дишҳанд, аммо фаромӯш набояд кард, ки ин хеле хатарнок буда, марг ба ҷони одам таҳдид мекунад.

Усули оддитарин ва маъмулии интиқоли нашъа, ки солҳои 30-40-и асри гузашта барои бурдани мавод аз Амрико ба Аврупо, қабл аз ҳама ба Олмон истифода мешуд, дар дохили пойафзол пинҳон кардани он маҳсуб мегардид. Дар мо ҳам ин таҷриба чандин дафъа "такрор" шудааст. Бори аввал соли 1996 чунин "ихтироъкор" дар Тоҷикистон боздошт шуд.

 

 

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ