05:17 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Акс

Гузориши аксӣ аз Ҷашнвораи ҳунарии "Ҷашни алмосии имомати Оқохони IV"

Гирифтани линки кӯтоҳ
75660
  • Ҷашнвораи ҳунарии Ҷашни алмосии имомати Оқохони IV

© Sputnik / Евгений Биятов
Дар ошёнаи дуюми Хонаи пионерон барои намоиши нигораҳои рассомон ва маҳсули дасти 15 ҳунарманд макони хубе ҷудо шуда буд. Дар маркази толор нигораҳои рассомон ҷойгир буданду худи ҳунармандон ҳар яке дар назди офаридаҳояшон истода дар бораи нигораҳояш нақл мекарданд.

Дар Маскав ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" Ҷашнвоари ҳунарӣ баргузор шуд

Даҳҳо овозхон, расссомон ва коргардонҳо ҳунари худро рӯзи 18 феврал дар Хонаи пионерон намоиш доданд.

Барои дастгирии ҳунармандон, падару модар, хешу табор, ёру дӯстон ва мухлисон омада буданд. Аз дари даромад маълум буд, ки имрӯз толор пур мешаваду ҳунармандон толорро гарм мекунанд. Мардум барои ворид шудан ба толор навбат меистоданд.

Озмуни минтақавии ҳунарӣ ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" аз се бахш иборат буд: якум нигористони ҳунар, дуюм ҷашнвораи филми ҳуҷҷатӣ ва сеюм шоу-истеъдодҳо. Бахши сеюм дар навбати худ аз қисмҳои зерин иборат буд: навозиш, рақси якка ва гурӯҳӣ, овозхонӣ ва ҳунарӣ эҷодӣ.

Ҳунари довталабонро доварон баҳогузорӣ карданд. Доварони озмун рассом ва коргардон Александр Шурихин, оҳангсози Русия ва зодаи Тоҷикистон Аҳмад Бақоев, хариографи хизматнишондодаи Тоҷикистон Лола Саидова, рассом ва ҳунарманд Раҳим Қодирӣ, шахсияти ҳунарӣ Роза Шакарова, рассом Сергей Романқулов, коргардон Толибшо Саодатқадамов, продюсер Фирӯз Шабдолов, коргардон ва наворбардор Филипп Фёдоров, рассом Юрий Зеленов, мустанадсози Шӯравӣ, сиёсатмадор ва фаъоли ҷамъиятӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистони Советӣ ва раиси доварони озмун, Давлат Худоназаров буданд.

Ба гуфти Аслишо Акимбеков, раҳбари бахши фарҳангии созмони "Нур" ва яке аз масъули ин Ҷашнвора замони баргузории даври ниҳоии Ҷашнвораи  "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" тобистони соли 2018 аст, вале макони баргузорӣ ҳоло дар ҳоли баррасист.

Барчаспҳо:
Москва

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ