03:48 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Акс

Гузориши аксӣ аз маросими дафни Бозор Собир дар Лучоб

Гирифтани линки кӯтоҳ
209602
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
  • Маросими дафни Бозор Собир
© Sputnik / Амир Исаев
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.

Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд

Дар маросими дафни шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ҳамқаламон, аҳли фарҳанг, ёру дӯстон, пайвандон, аҳли хонавода ва намояндагони ҳукуматӣ ширкат карданд.

Барои ба роҳи охират гусел кардани шоири маъруфи тоҷик, аз ҷумла, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, шоир Рустам Ваҳобниё, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов ва дигарон омода буданд.

Маросими намози ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир соати 11-и рӯзи 14-уми май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд.

Пас аз адои намози ҷаноза, ҷасади шоирро барои хоксупорӣ ба оромгоҳи Лучоб интиқол доданд.

Ҷасади Бозор Собирро имрӯз, 14 май аз Амрико ба Тоҷикистон оварданд. Ҷасади шоири маъруфро ҳамсараш Гулчеҳра, духтараш Шогуна ва ду писрааш ҳамроҳӣ мекард.

Ёдоварӣ мекунем, ки шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир рӯзи 1 май, дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, аз олам даргузашт.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.

Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър фаъолият кардааст.

Мавзуъ

Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд
Ҷасади Бозор Собир имрӯз дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад
Қарори Рустам Эмомалӣ: Бозор Собир дар "Лучоб" ба хок супурда шавад
Иттифоқи нависандагон: ёди Бозор Собир дар дили мо ҳамеша дурахшон хоҳад буд
"Шумо миред хору хас нагиряд": посухи Исмоил Зарифӣ ба бадгӯёни Бозор Собир
Барчаспҳо:
Маросими дафн ва видоъ, Бозор Собир, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ