Гузориши аксӣ аз маросими дафни Бозор Собир дар Лучоб

Обуна шудан
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд

Дар маросими дафни шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ҳамқаламон, аҳли фарҳанг, ёру дӯстон, пайвандон, аҳли хонавода ва намояндагони ҳукуматӣ ширкат карданд.

Барои ба роҳи охират гусел кардани шоири маъруфи тоҷик, аз ҷумла, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, шоир Рустам Ваҳобниё, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов ва дигарон омода буданд.

Поэт Бозор Собир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд

Маросими намози ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир соати 11-и рӯзи 14-уми май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд.

Пас аз адои намози ҷаноза, ҷасади шоирро барои хоксупорӣ ба оромгоҳи Лучоб интиқол доданд.

Ҷасади Бозор Собирро имрӯз, 14 май аз Амрико ба Тоҷикистон оварданд. Ҷасади шоири маъруфро ҳамсараш Гулчеҳра, духтараш Шогуна ва ду писрааш ҳамроҳӣ мекард.

Ёдоварӣ мекунем, ки шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир рӯзи 1 май, дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, аз олам даргузашт.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст.

Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър фаъолият кардааст.

© © Sputnik / Амир ИсаевҶасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
© Sputnik / Амир ИсаевҶасади Бозор Собирро имрӯз, 14 май тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон аз Амрико ба Тоҷикистон оварданд.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Ҷасади Бозор Собирро имрӯз, 14 май тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон аз Амрико ба Тоҷикистон оварданд.
© © Sputnik / Амир ИсаевҶасади шоири маъруфро ҳамсараш Гулчеҳра, духтараш Шогуна ва ду писараш ҳамроҳӣ мекарданд.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Ҷасади шоири маъруфро ҳамсараш Гулчеҳра, духтараш Шогуна ва ду писараш ҳамроҳӣ мекарданд.
© Sputnik / Амир ИсаевМаросими намози ҷанозаи шоир соати 11-и рӯзи 14-уми май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Маросими намози ҷанозаи шоир соати 11-и рӯзи 14-уми май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд.
© © Sputnik / Амир ИсаевАз субҳ хешовандону ёру дӯстон барои ба роҳи охират гусел кардани шоири маъруф ҷамъ шуда буданд.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Аз субҳ хешовандону ёру дӯстон барои ба роҳи охират гусел кардани шоири маъруф ҷамъ шуда буданд.
© © Sputnik / Амир ИсаевМуовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машрабов дар маросими дафни Бозор Собир.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машрабов дар маросими дафни Бозор Собир.
© © Sputnik / Амир ИсаевҶанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир.
© © Sputnik / Амир ИсаевВазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва шоир Муҳаммад Ғоиб дар маросими дафни Бозор Собир.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва шоир Муҳаммад Ғоиб дар маросими дафни Бозор Собир.
© © Sputnik / Амир ИсаевҶасади Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
9/13
Ҷасади Бозор Собир пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
© © Sputnik / Амир ИсаевМаросими дафни Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Маросими дафни Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб.
© © Sputnik / Амир ИсаевҶанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
11/13
Ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир.
© © Sputnik / Амир ИсаевСиёсатмадор,адиб ва драмматург-Нур Табаров дар маросими дафни Бозор Собир.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
12/13
Сиёсатмадор,адиб ва драмматург-Нур Табаров дар маросими дафни Бозор Собир.
© © Sputnik / Амир ИсаевҶасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, рӯзи 14 майи соли 2018 пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
Маросими дафни Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, рӯзи 14 майи соли 2018 пас аз ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0