13:34 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Акс

Аз намоз то идгардак: гузориши акси аз таҷлили иди Рамазон дар Тоҷикистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0
  • Ҳазорҳо сокинону меҳмонони пойтахт барои намозгузорӣ ба масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе омаданд
  • Моҳи Рамазонро уламо моҳи ибодат, мағфират ва покизагӣ мегӯянд
  • Дар рӯзи ид тамоми масҷидҳои кишвар пур аз намозгузорон мешавад
  • Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода мавъиза мегӯяд
  • Шӯрои уламо имсол эълом кард, ки вақти намози ид 06:00 бо вақти Душанбе аст
  • Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.
  • Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад.
  • Фарорасии ид барои мусалмонон маънои ба итмом расидани рӯзаро дорад
  • пас аз намоз мардум барои идомаи таҷлили ид ба хонаҳояшон мераванд
  • Идгардак ва кӯдакон: тифлон бо шавқ ба хонаҳои дӯстону наздикон мераванд, то тӯҳфа гиранд
  • Бештар аз ҳама кӯдакон идро интизор мешаванд
  • Дар ҳар як хонадон кӯдаконро бо шодӣ пешвоз мегиранд
  • Праздник Иди Рамадан в Таджикистане
Амир Исаев
Ҳазорҳо сокинону меҳмонони пойтахт барои намозгузорӣ ба масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе омаданд

Таҷлили ид дар Тоҷикистон бо гузориши намози шурӯъ мешавад. Субҳ, мардум ба масҷидҳои кишвар барои гузоштани намози ид мешитобанд

Намози иди Фитр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо амри маъруф ва суханони табрикии Саидмукаррам Абдулқодирзода — раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ин рӯз таътили умумӣ эълом шудааст.

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Гузориши аксии вижаи Sputnik Тоҷикистон аз таҷлили ид  тамошо кунед.

Барчаспҳо:
идгардак, иди саиди Фитр, рӯзадорӣ, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Душанбе, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

  • Масҷид ул-Ҳаром дар Макка, Арабистони Саудӣ
    Таҷдиди ахир: 18:20 05.09.2018
    18:20 05.09.2018

    Зеботарин масҷидҳои дунё

    Масҷид - ҷойи мукаддасест, ки мусулмонон дар онҷо намоз мегузоранд. Масҷид хонаи Худо аст

    481
    15
  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
    Таҷдиди ахир: 15:56 03.09.2018
    15:56 03.09.2018

    Боз ба мактаб: таҷлили рӯзи дониш дар Тоҷикистон

    Фасли тобистон ба поён расид ва бо ҳамин таътили тобистона мактабӣ низ анҷом ёфт. Рӯзи якуми сентябр мактабҳо дарҳои худро барои талабаҳо боз карданд

    70
    13
  • Таджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 13:00 29.08.2018
    13:00 29.08.2018

    Кумитаи дин: бозгашти ҳоҷиён 31 август шурӯъ мешавад

    Кумитаи дин, эълон кардааст, ки то 14 сентябр ҳамаи зойирини тоҷик ба ватан бармегарданд

    195
  • Автобусҳои нав дар Хуҷанд ба фаъолият шурӯъ карданд
    Таҷдиди ахир: 16:21 25.08.2018
    16:21 25.08.2018

    Роҳату васеъ: ҳафт акс аз фаъолияти автобусҳои нав дар Хуҷанд

    Автобусҳо мутобиқи талаботи муосир истеҳсол гардида, ҳамаи амалиёт дар он ба тариқи электронӣ анҷом меёбад. Масъулин нақша доранд пардохти электронӣ ва чиптавии онро ба роҳ монанд. Шумораи умумии автобусҳо ба 50 адад расид ва мувофиқи нақша то поёни соли ҷорӣ боз 50 адад автобус ба маркази вилоят оварда мешавад

    625
    7

Мавзӯъҳои асосӣ