04:15 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Акс

Даҳ акси беҳтарин тибқи фарзияи National Geographic

Гирифтани линки кӯтоҳ
20510
  • Акси Reiko Takahashi Парии обӣ, ки соҳиби ҷоизаи аввал дар озмуни  National Geographic Travel Photographer of the Year 2018 шуд
  • Акси Hao J. Flamingos taking off, ки ҷойи дувумро дар гурӯҳи Табиат дар озмӯни National Geographic Travel Photographer of the Year ба даст овард
  • Акси гирифтаи  Marco Grassi Mars, ки ҷойи севумро дар гурӯҳи Табиат  гирифт
  • Кори аккос Hiro Kurashina Another rainy day in Nagasaki, Kyushu, ки дар гурӯҳи Шаҳрҳо дар National Geographic Travel Photographer of the Year ҷои аввалро ба даст овард
  • Кори аксбардор Enrico Pescantini Geometry of the Sun, ки дар гурӯҳи Шаҳрҳо ҷойи дувумро гирифтааст
  • Акси Gaanesh Prasad Reflection, ки дар дар гурӯҳи Шаҳрҳо дар озмуни  National Geographic Travel Photographer of the Year ҷойи севумро гирифт
  • Alessandra Meniconzi бо Tea Culture,  дар гурӯҳи Одамон  ҷойи аввалро ишғол намуд
  • Акси Tati Itat Leida and Laelle - I will lift you up, ки дар гурӯҳи Одамон  ҷойи дувумро ба даст овард
  • Кори аксбардор MD Tanveer Hassan Rohan Challenging Journey, ки дар гурӯҳи “Инсон” ҷойи севумро гирифт
Акси Reiko Takahashi "Парии обӣ", ки соҳиби ҷоизаи аввал дар озмуни National Geographic Travel Photographer of the Year 2018 шуд

Маҷаллаи National Geographic ҷоизаи аслиро ба аксбардори ҷопонӣ Рейко Такахасӣ барои акси "парии обӣ" додааст. Аксбардор акси думи наҳангеро дар зери об гирифтааст

"Дар рӯзи аввали шиноварӣ дар наздикии ҷазираи Кумедзима ба ман даст дод, ки ба наҳанги кӯзапуште бо бачааш во хӯрам",- гуфтааст ғолиби озмун.

Дар озмун аз тамоми ҷаҳон беш аз 13 ҳазор аккос ширкат намуданд.

Дар озмун аксҳо ба се гурӯҳ  тақсим мешуданд: "Табиат", "Шаҳрҳо" ва "Одамон".

Барандаи ҷоизаи аслии озмун  10 ҳазор доллар мукофот гирифт. Ба аккосоне, ки дувум ва савум шуданд, 2,5 ҳазор долларӣ доданд.

Маҷаллаи National Geographic, нашрияи расмии ҷамъиятиву ҷуғрофии миллии Амрикост.

Маҷалла бештар дар бораи ҷуғрофиё, табиат, таърих ва фарҳанг мавод интишор мекунад.

Мақолаҳои маҷалла бо аксҳои рангорангу гуногун оро дода мешаванд.

Аввалин намунаи маҷаллаи National Geographic дар моҳи октябри соли 1888 ба нашр расидааст.

Барчаспҳо:
аксбардор, табиат, акс, маҷалла, расм, Амрико

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ