13:43 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Акс

Гусели ҳоҷиёни тоҷик ба тавофи Каъба - Гузориши аксӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
30310
  • Рӯзҳои наздик фурудгоҳи Душанбе назар ба ҳарвақта серодамтар аст. Наздикону пайвандони ҳоҷиён ба гусели онҳо баромадаанд
  • Ҳоҷиёнро аз либоси ягонаи онҳо ва корти шиносоиашон фарқ кардан мумкин аст
  • Кумитаи дин имсол барои либоси ягона матои рангаш кабудро интихоб кард
  • Бори аввал ҳоҷиён  ҳангоми сафар ба Арабистони Саудӣ изи ангушт супориданд
  • Дар синаи ҳар як зоир корти шиносоӣ часпонида шудааст, ки дар он ному насаб, шумораи телефон ва шаҳрвандии ҳаҷӣ навишта шудааст
  • Ин иқдом барои гум накардани ҳоҷиён дар издиҳом чораҷӯӣ шудааст
  • Ҳангоми адои маносики ҳаҷ имкони гум шудан, аз гурӯҳ ақиб мондан ҷой дорад. Барои ҳамин ҳоҷиёнро бо либоси ягона таъмин кардаанд
  • Ҳаҷ аз 25 то 30 рӯз идома меёбад
  • Имсол 6000 шаҳрванди Тоҷикистон равонаи Ҳаҷ шудаанд
  • Барои сафари Ҳаҷ имсол ҳар як ҳоҷӣ бештар аз 33,4 ҳазор сомонӣ (4 ҳазор доллар) масраф кардааст
  • Ҳоҷиён бо наздиконашон хайрухуш мекунанд
© Sputnik / Амир Исаев
Рӯзҳои наздик фурудгоҳи Душанбе назар ба ҳарвақта серодамтар аст. Наздикону пайвандони ҳоҷиён ба гусели онҳо баромадаанд

Фурудгоҳи Душанбе аз субҳ серодам буд: наздикони ҳоҷиён зоирони тоҷикро ба тавофи Каъба гусел мекарданд

Имсол ҳоҷиёни тоҷикро шинохтан осонтар шуд: онҳо дар тан либоси ягонаи рангаш кабуд доранд.

Дар синаи ҳар як сафаркунандаи Ҳаҷ корти шиносоӣ овехта шудааст, ки дар он ному насаб, шаҳрвандӣ ва шумораи телефони онҳо навишта шудааст.

Кумитаи дин ин иқдомҳоро барои гум нашудани зоирони тоҷик ҳангоми адои ҳаҷ пешбинӣ намудааст.

Дар ҷойҳои муқаддас, ки маъмулан садҳо ҳазор мусалмон ҷамъ мешаванд, гум шудан осон аст, афзун бар ин дар ҳавои гарм ва одами бисёр зоирон метавонанд бемор шаванд. Дар чунин ҳолатҳо корти шиносоии онҳо зарур мешавад.

Дар умум имсол аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар равонаи Ҳаҷ шуданд.

Бори аввал зоирон дар фурудгоҳ изи ангушт супориданд.

Барчаспҳо:
Ҳаҷ-2018, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

  • Шавкат Мирзиёев шахсан ба пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон баромад
    Таҷдиди ахир: 10:56 17.08.2018
    10:56 17.08.2018

    Даҳ акс аз пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар Узбакистон

    Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 17 август бо сафари дурӯза вориди Тошканд шуд. Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи ба номи Ислом Каримов президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт

    497
    10
  • Баромади тарбитгирандагони боғчаи бачагонаи № 6 “Гулшан”-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд
    Таҷдиди ахир: 15:45 16.08.2018
    15:45 16.08.2018

    Ситораҳои хурдакаки "Смуглянка" аз низомиён тӯҳфа гирифтанд (АКС)

    Дар Тоҷикистон тарбиятгирандагони яке аз боғчаҳои ноҳияи Ҷаббор Русулов пас аз иҷрои таронаи машҳури "Смуглянка" ситораи интернет шуданд. Ҳарчанд суруд бахшида ба 9 май бозхонӣ шуда буд, то имрӯз шӯҳрати ин кӯдакон ба анҷом нарасидааст

    97
    9
  • Овозхон Дима Билан
    Таҷдиди ахир: 12:45 30.07.2018
    12:45 30.07.2018

    Даҳ ситораи шоу-бизнес ва варзишкори доротарини Русияр (АКС)

    Маҷаллаи Forbes феҳристи даҳгонаи ситораҳои шоу-бизнес ва варзиши Русияро чоп намудааст. Дар он даромад, гузоришҳо дар бораи эшон дар расонаҳо ва шавқи корбарони интернет дар назар гирифта шудааст

    274
    10
  • Пули Тауэр дар Ландон. Сохтмони ин пул 8 сол идома ёфта, барои бунёди кӯпрук беш аз  400 коргар ҷалб шуда буданд.  Пул кушода ва пӯшида мешавад.
    Таҷдиди ахир: 20:00 24.07.2018
    20:00 24.07.2018

    Даҳ пули шигифтангези ҷаҳон (АКС)

    Ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори дунё пулҳои нав бунёд мекунанд. Яке аз дигаре баландтар, дарозтар ва аҷибтар сохта мешавад. Дар гузориши вижаи Sputnik Тоҷикистон 10 акси пулҳои аҷиби ҷаҳон гирд оварда шудааст

    161
    11

Мавзӯъҳои асосӣ