18:34 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Акс

Ситораҳои хурдакаки "Смуглянка" аз низомиён тӯҳфа гирифтанд (АКС)

Гирифтани линки кӯтоҳ
135 0 0
  • Военнослужащие 201 российской военной базы в Таджикистане подарили подарки детям из детского сада Гулшан
  • Тарбитгирандагони боғчаи бачагонаи № 6 “Гулшан”-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

© Пресс-служба ЦВО
Низомиёни пойгоҳи 201 ба кӯдакони ситораи "Смуглянка" тӯҳфа доданд

Дар Тоҷикистон тарбиятгирандагони яке аз боғчаҳои ноҳияи Ҷаббор Русулов пас аз иҷрои таронаи машҳури "Смуглянка" ситораи интернет шуданд. Ҳарчанд суруд бахшида ба 9 май бозхонӣ шуда буд, то имрӯз шӯҳрати ин кӯдакон ба анҷом нарасидааст

Пас аз иҷрои суруди машҳури "Смуглянка" тарбиятгирандагони боғчаи  № 6 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ситораи ҳақиқӣ шуданд. Тарона дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо боздид гирифт. Кӯдаконро дар ҳошияи таҷлили ҷашни Ғалаба дар Тоҷикистон ба чорабиниҳои гуногун даъват мекарданд.  Расонаҳо дар бораи иҷрои зебои тарона хабар дода, кӯдаконро ба барномаҳои телевизионӣ даъват карданд.

Низомиёни пойгоҳи низомии 201 низ барои дидор бо ин ситораҳои хурдакак ва додани тӯҳфа ба онҳо ба боғча рафтаанд.

Ёдрас мешавем, ки навори иҷрои "Смугланка" 2 май интишор шуд. Ин суруди машҳури кинофилми "В бой идут одни старики"-ро кӯдакон қадрдонии иштирокдорони  Ҷанги Бузурги Ватанӣ иҷро намуданд. 

Намояндагони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия тасмим гирифтанд, аз кӯдакон барои иҷрои ин суруд сипозгузорӣ намоянд.

"Аз номи низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия мехоҳам ба мураббиён, волидайн ва маъмурияти деҳа барои туҳфаи зебои тифлакон ба куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипосгузорӣ кунам", — гуфт дар мулоқот бо кӯдакон Иван Пелихов.

Тарбиятгирандагони боғча ба хотири пазироии низомиёни рус "Смуглянка" —ро бори дигар иҷро намуданд.

Кӯдакон бастаи тӯҳфаҳоро бо хурсандӣ қабул карданд.

Барчаспҳо:
боғча, суруд, пойгоҳи 201-уми Русия, кӯдакон, туҳфа, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ