08:49 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Акс

Гузориши аксӣ аз маросими ҷоизасупории раисҷумҳур ба мутахассисони "Роғун"

Гирифтани линки кӯтоҳ
326 0 0
  • Эмомалӣ Раҳмон мутахассисонеро, ки дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳм гузоштаанд, дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт
  • Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни “Роғун” заҳмат мекашанд, ширкат доштанд
  • Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон,  2 нафар бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, 53 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд
  • Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот изҳор доштааст, ки “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад
  • Агрегати аввали нерӯгоҳ 16-уми ноябр дар Рӯзи президент дар Тоҷикистон ба кор медарояд
  • Раисҷумҳур сохтмончиёнро ба ифтихори руйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу кард
  • Ҳоло Тоҷикистон ба маросими ба кор даромадани агрегати Роғун омодагии ҷиддӣ мебинад
Эмомалӣ Раҳмон мутахассисонеро, ки дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳм гузоштаанд, дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба бештар аз 100 корманди "Роғун" мукофотҳои давлатӣ супорид

Имрӯз, 14 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НБО “Роғун” ба беш аз 100 мутахассиси касбу кори гуногун, ки дар бунёди ин иншоот саҳм гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ супорид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни “Роғун” заҳмат мекашанд.

Агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 16-уми ноябр дар Рӯзи президент дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ