14:18 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Акс

Гузориши аксӣ аз масҷидравии Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбаташ аз хидмат барои садсолаҳо

Гирифтани линки кӯтоҳ
297 0 0
  • Строительство главной соборной мечети города Душанбе и Исламского института Таджикистана
  • Эмомали Рахмон ознакомился со ходом строительства главной соборной мечети города Душанбе и Исламского института Таджикистана

  • Эмомали Рахмон ознакомился с ходом строительства главной соборной мечети города Душанбе и Исламского института Таджикистана
Масҷиди марказии Душанбе аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе рӯзи ҷумъаи 30 ноябр ба Масҷиди навбунёди ҷомеи шаҳри Душанбе рафтанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур аз ин боздид гузориши аксӣ нашр кардааст

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ таъкид намудааст, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шавад то ин ки иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд садсолаҳо хизмат расонад.

Барчаспҳо:
Душанбе, масҷид, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ