15:46 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Акс

Зимистони Кобул: шодии сокинони Афғонистон аз резиши барфи зиёд

Гирифтани линки кӯтоҳ
171 0 0
  • Ҷавонони афғон дар рӯйи барф медаванд
  • Писараке аз оилаи муҳоҷирони дохилӣ аз остонаи манзили муваққатиашон барфро тамошо мекунанд
  • Кобул. Роҳгардии мардон дар рӯйи барф
  • Ҷавонони афғон дар барф акс мегиранд
  • Оҳангари афғон ва барфи Кобул
  • Яхмолакбозии кӯдакони афғон
  • Занон бо рӯймол ва чатр кӯдакони худро аз барф муҳофизат мекунанд
  • Марди афғон сатилҳои чаккаро барои фурӯш омода мекунад
  • Афғони барфӣ...
  • Дучархасаворӣ дар барфи зиёд мушкил мешавад
  • Резиши барфи аввал дар Кобул  ҳам хурду ҳам калонро шод кард
© REUTERS / OMAR SOBHANI
Ҷавонони афғон дар рӯйи барф медаванд

Резиши барфи аввал дар Кобул ҳам хурду ҳам калонро шод кард

Дар Афғонистон ҳам барфи аввалро интизор мешаванд. Афғонҳо ҳатто як масал доранд, "Кобул бе тилло метавонад, бе барф - не".

Одатан барфи аввал дар Кобул охирҳои тирамоҳ - моҳи ноябр мерезад. Имсол бошад, танҳо бо фаро расидани соли нав барфи аввал ҳам рехт.

Боришоти зиёди ҳафта кӯдаконро шод кард: онҳо барфбозӣ мекарданду бобои барфӣ месохтанд ва яхмолакбозӣ менамуданд.

Бо далели он ки дар пойтахти Афғонистон муҳит чиркинтар аст, барф доим ҳавои тоза меорад.

Имсол дар шаҳр барфро бо шодии вижа пешвоз гирифтанд, зеро он ҳаворо тоза кард, ки рӯзҳои ахир чиркин буд.

Дар ин ҳафта ҳарорат рӯзона дар Кобул аз сифр поён мешавад, аз 9 то 6 дараҷа сардӣ дар назар аст.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ