14:45 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Акс

Ҳафт падидаи нодири осмонӣ, ки дар соли равон метавон мушоҳида кард

Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0
  • Ҳалқаи оташтини қурси Моҳ
  • Гузашти сайёраи Уторид муқобили қурси Хуршед
  • Милюнҳо нафар рӯзи 2 июли соли равон шоҳиди хуршедгирифтагӣ хоҳанд шуд.
  • Падидаи бориши шаҳобӣ
  • Абармоҳ як ҳодисаи нодири нуҷумист. Он замоне ба вуқуъ мепайвандад, ки замин дар ҳоли моҳи нав ё пурра ба ҳамсафараш наздик мешавад.
  • Бӯсаи сайёраи Муштарӣ ва Зӯҳра. Муштарӣ панҷумин сайёра аз Офтоб буда яке аз сайёраҳои системаи офтобист. Зӯҳра яке аз сайёраҳои системаи офтобӣе мебошад, ки баъд аз сайёраи Уторид мебошад
  • Шаби 20 ба 21 январ аввалин падидаи моҳгирифтагии дар соли 2019 рӯх дод.
© AP / Itsuo Inouye
Ҳалқаи оташтини қурси Моҳ

Шаби 20 ба 21 январ аввалин падидаи моҳгирифтагии дар соли 2019 рӯх дод.

Падидаи мазкур дар ҷаҳон ба номи "абармоҳи хунин" маъруф буда, дар соли равон , ба рӯзҳои 20 - 21-уми январ рост омад.

Дар ин замон моҳ ба наздиктарин нуқтаи худ ба замин дар мадор мерасад ва дар осмон шаби бисёр торик ба назар хоҳад расид. Ин падида таркибе аз падидаи "абармоҳ" ва "моҳи хунин" ба шумор меояд ва охирин моҳгирифтагие хоҳад буд, ки то соли 2021 шоҳид мешавем.

Тайи ин моҳгирифтагӣ моҳ дар сояи замин қарор хоҳад гирифт. Муҳаққиқон тахмин задаанд, ки моҳгирифтагии баъдӣ дар таърихи 26-уми майи соли 2021 иттифоқ хоҳад афтод.

Моҳгирифтагӣ ё “моҳи хунин" дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон қобили дидан буд. Аз ҷумла дар минтақаи Амрикои Шимолӣ, дар баъзе минтақаҳои Аврупо ва Африқо.

Инчунин, як падидаи дигар кайҳонӣ ба номи “Ситораборон” ном дорад, ки дар рӯзҳои 6 ва 7 май рух хоҳад дод.

Ба гуфтаи ситорашиносон “Ситораборон” аз 19 апрел шурӯъ шуда то 28 май соли равон идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ситорашиносон дар ин рӯзҳо дар як соат аз осмон то 50 шаҳоб меуфтад.

Милюнҳо нафар рӯзи 2 июли соли равон шоҳиди хуршедгирифтагӣ хоҳанд шуд. Ин падидаи кайҳониро дар ҷануб шарқи Уқёнуси ором ва дар Чиливу Аргентина мушоҳида кард.

Барчаспҳо:
кайҳон, кайҳоннавардӣ, ҷаҳон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ