08:08 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Акс

Аз маликаи Бритониё то Мишел Обама ва Анҷелина Ҷолӣ бар сари худ ҳиҷоб андохтанд

Гирифтани линки кӯтоҳ
178410
  • Моделҳо Кендалл Ҷеннер ва Ҷиҷи Ҳадид бо ҳиҷоб дар АМА
  • Ҷенифер Лопес, овозхон ва ҳунарманди синамо бо ҳиҷоб дар маросими ҷоизаи MTV Video Music Awards дар Ню-Йорки Амрико дар соли 2006
  • Сиёсатмадор Федерика Могерини зимни нишасти матбуотӣ дар Эрон
  • Ҳунарманди синамо Анҷелина Ҷолӣ дар Покистон
  • Ҳунарманд Пэрис Хилтон бо ҳиҷоб дар АМА
  • Ҳилари Клинтон, сиёсатмадори Амрико назди даромадгоҳи Масҷиди Муҳаммад Алӣ дар пойтахти Миср шаҳри Қоҳира
  • Маликаи Бритониё Едезаветаи II ва шавҳараш шоҳзода Филипп ҳамроҳи шоҳзодаи Абу-Даби шайх Муҳаммад бин Зайд ал-Нахайян дар Масҷиди шайхи Зейда
  • Шоҳдухтари Уэлс Диана назди Масҷиди Подшоҳӣ дар Покистон
  • Барак ва Мишел Обама ҳангоми дидори Масҷиди Истиқлол дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия
  • Шоҳдухтари Бритониё Кейт Мидолтон назди Масҷид дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия
Моделҳо Кендалл Ҷеннер ва Ҷиҷи Ҳадид бо ҳиҷоб дар АМА

1 феврал дар тамоми ҷаҳон рӯзи байналмилалии ҳиҷоб ҷашн гирифта мешавад. Мардум дар саросари олам ба таҷлили ҷашни мазкур дар соли 2013 шурӯъ карданд

1 феврал дар саросари олам рӯзи байналмилалии ҳиҷоб ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар ҳоли ҳозир дар тамоми ҷаҳон маҳбубият пайдо кардааст.

Ҳиҷоб – як қисми либоси исломии занон мебошад.

Александр Василев, санъатшинос ва таърихшиноси муд қайд кардааст, ки аз рӯи равиши муд барои Соли нав рӯймолҳои мусалмонӣ талаботи зиёд доранд.

“Агар шумо дилхоҳ сомонаи мӯдро кушоед сараввал навишта шудааст, ки чӣ гуна дар Соли нав рӯймолро дар шакли муд ба бар кард. Ман инро 5 сол пеш гуфта будам, аммо ба ман гуфтанд, ки мо рӯймол ба бар намекунем. Бори дигар ба шумо мегӯям мепӯшед ва ҳатто бо хоҳишҳои калон...”, - гуфтааст Василев.

Рӯймолҳои занонаи мусалмонон аз дигар сарбандҳо бо ҳаҷми калони худ фарқ мекунанд, чунки зани мусалмон бояд бо ин рӯймол ҷойҳои лозимаашро аз чашми дигарон пинҳон кунад.

Чӣ тавр занҳои маъруфи дунё бар сари худ ҳиҷоб андохтанд дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо намоед.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ