17:51 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Акс

“Каталпа”, “клён”, “ел”, “слива”, "магнолия": Раҳмон дар назди масҷид чиро шинонд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (145)
797 0 0
  • Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз дар назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ниҳолшинонӣ карданд
  • Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо дарахтони “магнолия”, “магнолияи баргпарто”, “каталпа”, “клён”, “ел”, “сливаи ороишӣ” ва берёза шинонида шудааст.
  • Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ дарахт шинонд
  • Эмомалӣ Раҳмон баъди шинонидани ниҳоли дарахтон барои вусъати бештари корҳои ободонии ҳудуди масҷиди ҷомеъ ва даромадгоҳҳои иншоот ба мутахассисон дастур дод.
  • Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шудааст
  • Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе
  • Атрофи бино чароғон карда шуда, фаввораҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ ба муҳити ин ҷо бояд ҳусни тоза бахшанд
  • Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз дар назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ниҳолшинонӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз дар назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ниҳолшинонӣ карданд

Тиқби иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, нахуст Эмомалӣ Раҳмон бо  корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуда, дар ҳудуди масҷиди ҷомеъ якчанд дарахти “клён” шинонд.

Манбаъ афзуд, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо дарахтони “магнолия”, “магнолияи баргпарто”, “каталпа”, “клён”, “ел”, “сливаи ороишӣ” ва берёза шинонида шудааст.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди шинонидани ниҳоли дарахтон барои вусъати бештари корҳои ободонии ҳудуди масҷиди ҷомеъ ва даромадгоҳҳои иншоот ба мутахассисон дастур дод.

“Атрофи бино чароғон карда шуда, фаввораҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ ба муҳити ин ҷо бояд ҳусни тоза бахшанд”, - таъкид кард манбаъ.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд.

Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон қаблан таъкид карда буд, ки ин иншоот тавре сохта шавад, ки барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд садсолаҳо хизмат расонад.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (145)

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ