15:48 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Акс

Гузориши аксӣ аз "Корвони наврӯзӣ" дар Норак - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
186 0 0
  • Раисиҷумҳур гуфт, имсол мо тасмим гирифтем, ки тантанаҳои Наврӯзро бо иштироки меҳмонон ва зиёиёни кишвар дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон доир намоем
  • Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “Корвони Наврӯзӣ” дар кишвар бо талоши Эмомалӣ Раҳмон пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад
  • Барномаи фарҳангии “Корвони наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай оғоз гардид.
  • Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузургӣ фарҳангӣ намоиш дода шуд
  • Баргузоркунандагони Корвони наврӯзӣ мегӯянд, дар ин чорабинӣ 10 ҳазор нафар иштирок карданд
  • Ба гуфтаи раисиҷумҳур чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд
  • Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад
  • Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад
  • Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Наврӯз таърихи 6-ҳазорсола дошта, умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад
  • “Корвони наврӯзӣ” дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгонро таҷассум намудаву ҳамон ойинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардонидааст
  • Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуд
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Раисиҷумҳур гуфт, имсол мо тасмим гирифтем, ки тантанаҳои Наврӯзро бо иштироки меҳмонон ва зиёиёни кишвар дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон доир намоем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар барномаи театрикунонидашудаи “Корвони наврӯзӣ” иштирок кард

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардидаанд.

“Барномаи фарҳангии “Корвони наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай оғоз гардид. Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодӣ буд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузургӣ фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Манбаъ таъкид кард, ки Корвони Наврӯзӣ дар кишвар бо талоши Эмомалӣ Раҳмон пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур “Корвони наврӯзӣ” дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгонро таҷассум намудаву ҳамон ойинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардонидааст.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
ид, таҷлил, Наврӯз, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ