21:59 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Акс

Сафари расмии Раҳмон ба Русия: беҳтарин лаҳзаҳо дар акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (18)
303 0 0
  • Кишвардор баъди зӯҳри 16 апрел вуруди Русия шуд. Эмомалӣ Раҳмонро статс-котиби вазири умури хориҷаи Русия Григорий Карасин, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пешвоз гирифтанд
  • Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ карданд
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Маскав бо қаравули фахрӣ, ки суруди миллии ду кишварро иҷро карданд, истиқбол гирифтанд
  • Ҳавопаймои раисҷумҳур дар фурудгоҳи Внуково-2 фуруд омад
  • Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Русия эҳтиром ба ҷо овард
  • Рӯзи аввали сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард
  • Мулоқоти сатҳи олии роҳбарони Тоҷиктсону Русия 17 апрел баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қабл аз оғози гуфтушуниди расмӣ давоми як соат мулоқоти хоса доштаанд
  • Ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ба масоили мубрами минтақавиро баррасӣ карданд
  • Дар пайи гуфтушунид раисҷумҳурон изҳороти муштарак ба имзо расониданд
  • Дар натиҷаи сафари расмӣ 21 санад ба имзо расид
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Кишвардор баъди зӯҳри 16 апрел вуруди Русия шуд. Эмомалӣ Раҳмонро статс-котиби вазири умури хориҷаи Русия Григорий Карасин, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пешвоз гирифтанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Кишвардор бо роҳбарияти олии Русия мулоқот намуд ва дар натиҷаи ин сафар 16 созишнома ба имзо расид

Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Худи ҳамон рӯз, кишвардор бо раиси Думаи давлатии Русия - Вячеслав Володин, сарвазири кишвар Дмитрий Медведев ва намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар натиҷаи ин сафар 21 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Мавзуҳо:
Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия (18)

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ