04:12 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Акс

Чернобил: соатҳои аввал баъд аз садама дар акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
582 0 0
  • Ликвидаторы
© Sputnik / Igor Kostin
Чархбол ба бартараф намудани оқибати садамаи нерӯгоҳи атомӣ Чернобил машғул аст

26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳише ба вуқӯъ пайваст, ки таърихи энергетика бесобиқа мебошад

Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. 

Бар асари садама, ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи оқибаҳои фалокат сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд.

Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд.

Як рӯз баъд аз садама ҳама сокинони шаҳри Припят ба минтақаи амн интиқол дода шуданд, баъдан аҳолии манотиқи даҳ километр дур аз Чернобилро кӯчониданд. Солҳои баъдӣ ҳукумати Шӯравӣ мардумеро, ки дар 30-километрии нерӯгоҳ мезистанд, ба дигар манотиқ интиқол дод.

Ёдрас мешавем, ки барои бартараф намудани оқибатҳои таркиш дар Чернобил беш аз 600 ҳазор нафар аз тамоми кишварҳои собиу Иттиҳоди Шуравӣ ҷалб карда шуда буд.

Sputnik Тоҷикистон аксҳои таърихиеро, ки дар соатҳои аввал баъд аз садама аксбардорӣ шудааст пешкаши тамошобинон мегузорад.

Барчаспҳо:
бартарафсозӣ, садама, Русия

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ