12:55 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Акс

Бадансозии духтарони Осиёи Марказӣ: гузориш аз намоиши мушакҳо дар Нур-Султон - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
63210
  • Дар мусобиқаи бадансозӣ ва фитнес-моделҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нур-Султон беҳтаринҳо интихоб гардиданд
  • Барои иштирок дар ин мусобиқа беш аз 150 иштирокчӣ дархост пешниҳод намудаанд
  • Духтарони бадансоз дар бахшҳои ба истилоҳ менс-физик, фитнес-бикини, вуменс-физик ва ғайра сабқат намудаанд
  • Иштирокдорон доваронро на танҳо бо баданҳои варзишии олӣ, балки ба малакаи ҳунармандияшон ба ҳайрат гузоштаанд
  • Барои иштирокдорон муҳим буд, ки баробари мушакҳо ҳунари нақшофарияшонро намоиш диҳанд
  • Ҷоизаҳо дар шаш бахш миёни ҷавонон ва калонсолон тақдим гардиданд
  • Бадансозӣ, ё худ ба истилоҳ бодибилдинг бахши варзишиест, ки рушди мушакҳои бадан тавассути тамринҳои ҷисмонӣ ва истеъмоли ғизоҳои махсусро фаро мегирад
  • Таваҷҷуҳ ба ин навъи варзиш охири асри XIX афзоиш ёфтааст, ки он замон ба ҳайси идеал тасвирҳои Юнони қадим ҳадаф гузошта мешуданд.
  • Дар анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии Осиё - 2019 дар риштаи бадансозӣ доварон иштирокдоронро бо 35 медали тилло, 24 нуқра ва 19 биринҷӣ қадрдонӣ кардаанд
  • Иштирокдорони мусобиқаи Осиё - 2019 пеш аз баромадан ба саҳна
© Sputnik / Vladislav Vodnev
Дар мусобиқаи бадансозӣ ва фитнес-моделҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нур-Султон беҳтаринҳо интихоб гардиданд

Дар мусобиқаи бадансозӣ ва фитнес-моделҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нур-Султон беҳтаринҳо интихоб гардиданд

Дар мусобиқаи бадансозии Осиё - 2019 иштирокдорон аз шаш кишвар - Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон иштирок карданд. Барои иштирок дар ин мусобиқа беш аз 150 иштирокчӣ дархост пешниҳод намудаанд. 

Духтарони бадансоз дар бахшҳои ба истилоҳ "менс-физик", "фитнес-бикини", "вуменс-физик" ва ғайра сабқат намудаанд.

"Иштирокдорон доваронро на танҳо бо баданҳои варзишии олӣ, балки ба малакаи ҳунармандияшон ба ҳайрат гузоштаанд. Барои онҳо муҳим буд, ки баробари мушакҳо ҳунари нақшофарияшонро намоиш диҳанд", - гузориш додааст Sputnik. 

Ҷоизаҳо дар шаш бахш миёни ҷавонон ва калонсолон тақдим гардиданд. Дар анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии Осиё - 2019 дар риштаи бадансозӣ доварон иштирокдоронро бо 35 медали тилло, 24 нуқра ва 19 биринҷӣ қадрдонӣ кардаанд.

Бадансозӣ, ё худ ба истилоҳ "бодибилдинг" бахши варзишиест, ки рушди мушакҳои бадан тавассути тамринҳои ҷисмонӣ ва истеъмоли ғизоҳои махсусро фаро мегирад.   

Таваҷҷуҳ ба ин навъи варзиш охири асри XIX афзоиш ёфтааст, ки он замон ба ҳайси идеал тасвирҳои Юнони қадим ҳадаф гузошта мешуданд. 

 

Барчаспҳо:
мусобиқа, узвҳои бадан, намоиш

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ