16:08 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Акс

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
204 0 0
  • Дастгоҳи таҳқиқотӣ дар Миррих - Curiosity акси худ, ё ба истилоҳ селфӣ гирифт
  • Маҷмӯи ситораҳои Ориона
  • Водии Таурус-Литтроу, ки аз ҷониби киштии кайҳонии NASA Lunar Reconnaissance Orbiter аксбардорӣ шудааст
  • Чоҳкани HP3, ки дар Миррих насб шудааст
  • Манзараи Teacup аз сиёҳчолаи SDSS 1430 + 1339
  • Кайҳоннавардони Роскосмос - Олег Кононенко ва Алексей Овчинин бо расми  Алексей Леонов қабл аз баромадан ба фазои кушод
  • Вулқони Фудзияма, ки аз истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ аксбардорӣ шудааст
  • Сайёраи Зуҳра
  • Парвози киштии кайҳонии гуруҳи миёна, Союз-2.1Б бо дастгоҳи кайҳонии Глонасс-М аз космодроми Плесетск
  • Каҳкашони NGC 4485 ва бурҷи Canes Venatici аксбардорӣ шудаанд, ки осори бархӯрд бо каҳкашони ҳамсоя дар миллионҳо сол қаблро ҳифз кардааст
  • Макони афтидани моҳгарди исроилӣ - Берешит-ро сабт шудааст, ки моҳи апрели соли равон ҳангоми фуруд ба моҳ суқут намуда буд
  • Киштии кайҳонии Falcon 9 бо боркаши Dragon бо лавозимот барои Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ парвоз намуд
  • Бо кумаки дурбини Hubble каҳкашони морпечи Messier 90 аксбардорӣ шуд
  • Каҳкашони NGC 1399 и NGC 1404
  • Аксҳо аз астероиди Рюгю гирифта шуданд, ки аз ҷониби ковишгари Хаябуса-2 сабт гардиданд
Дастгоҳи таҳқиқотӣ дар Миррих - "Curiosity" акси худ, ё ба истилоҳ "селфӣ" гирифт

Феҳрасти беҳтарин аксҳое ироа шудаанд, ки тайи моҳи майи соли равон дар кайҳон сабт гардидаанд

Олимон дар кайҳон тайи моҳи майи соли ҷорӣ низ кашфиёти зиёде карданд. Аз ҷумла каҳкашони NGC 4485 ва бурҷи "Canes Venatici" аксбардорӣ шудаанд, ки осори бархӯрд бо каҳкашони ҳамсоя дар миллионҳо сол қаблро ҳифз кардааст. 

Ковишгари "НАСА" ҳамчунин макони афтидани моҳгарди исроилӣ - "Берешит"-ро сабт кард, ки моҳи апрели соли равон ҳангоми фуруд ба моҳ суқут намуда буд.

Бо кумаки дурбини "Hubble" каҳкашони морпечи "Messier 90" аксбардорӣ шуд. Ҳамчунин аксҳо аз астероиди "Рюгю" гирифта шуданд, ки аз ҷониби ковишгари "Хаябуса-2" сабт гардиданд.

Ҳамчунин киштии кайҳонии "Falcon 9" бо боркаши "Dragon" бо лавозимот барои Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ парвоз намуд. 

Sputnik Тоҷикистон аксҳо аз кайҳонро ироа мекунад, ки корбаронро бо бархе асрори фалак шинос месозанд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ