19:37 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Акс

Ёди гузашта: чигуна мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ истироҳат мекарданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
202 0 0
© Sputnik / Marius Baranauskas
Ҷумҳурии Шӯравии Литва. Дарёи Балтика.

Дарёи форам, офтоби нарм, меваҳои лазиз, табобат ва шабона рақсу сайру гашт дар соҳил - ин ҳама рухсатии тобистона дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд

Солҳои 1970 дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазор истироҳатгоҳҳои гуногун фаъолият мекарданд. Калонтарини он дар ҷануби иттиҳод - вилояти Краснодар, Абхазия ва Қрим ҷойгир буданд. Ҳамчунин истироҳатгоҳҳои номӣ Алтай ва Байкал буданд.

Аз машҳуртаринашон Гагри, Юрмала, Евпатория, Сичи, Ялта, Анапа ба ҳисоб мерафтанд.

Маҳз ба ин фароғатгоҳҳо аз тамоми гӯшаву канор сокинон мерафтанд.

Дар коргоҳҳо роҳхат ба истироҳатгоҳ ройгон дастрас карда мешуд. Шаҳрвандон барои гирифтани он аз ҳар гуна роҳҳо истифода мекарданд - "тағо" меҷустанд ё тӯҳфа мегирифтанд.

Роҳхат барои аз 24 рӯз то 52 рӯз дода мешуд.

Дар фароғатгоҳҳо меҳмонон метавонистанд табобат низ гиранд. Рӯзона онҳо оббозӣ мекарданд, ё қоиқсаворӣ ва ё ба тамошои шаҳр мебаромаданд.

Шабона дар соҳилҳо гашту гузор менамуданд, ба рақс мерафтанд ё байни ҳам мусобиқа ташкил намуда, иштирок мекарданд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ