18:22 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Акс

Рақобат барои 100 000 сомонӣ: гузориши аксӣ аз сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот

Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0
  • Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот Ҷоми Пешвои миллат

© Sputnik / Amir Isaev
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аллакай аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст

Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бо ширкати раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур Адҳам Маъмурзода мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шоҳмотбозон барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат расман оғоз гардид

Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода дар маросими кушодашавии мусобиқа гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ бори аввал Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар чор марҳила миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад.

“Даври аввали мусобиқа дар сатҳи шаҳраку маҳалла, деҳаҳо, вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ, даври дуюм бо иштироки ғолибони даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, даври сеюми мусобиқа бо иштироки ғолибони даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва бо иштироки ғолибони даври сеюм 1-5 октябр даври финалии мусобиқа дар сатҳи ҷумҳурӣ бо шаҳомати хоса доир хоҳад гашт”, - изҳор доштааст Абдуллозода.

Ӯ таъкид кардааст, ки Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аллакай аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст. Барои ҷои якуми даставӣ 30 000 сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 000 сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 000 сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. 

Адҳам Маъмурзода, намояндаи дастгоҳи раисиҷумҳур зимни суханронӣ гуфт, шоҳмот намуди варзише мебошад, ки барои ташаккули шахсияти инсон мусоидат мекунад.

Ӯ афзуд, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон 3 сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар барномаи таълимии шоҳмот ва маҳфилҳову дастурамалҳо ба роҳ монда шудааст, ки заминаи мусоид барои рушди ин намуди варзиши қадимии мардуми тоҷик дар кишвар мегардад.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ