21:09 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
  • Рамзи ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад
  • Шаҳри Душанбе дар арафаи омад-омади роҳбарони як қатор кишварҳои Осиё оро дода шудааст
  • Рӯзи 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад
  • Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе имкони мусоидеро барои баргузории вохурии дуҷонибаи сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир фароҳам меорад
  • Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиши навбатии сатҳи байналмилалӣ, пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардидааст.
  • Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу гулбез карда шуда, қабои тозаву идона ба бар кардааст
  • Гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тозае бахшидааст
  • Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, имрӯзҳо аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷуҳ доранд.
  • Фаввораҳои пойтахти Тоҷикистон бозсозию фаъол карда шудаанд
  • Котиботи раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, ки миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол мегиранд
  • Манзараи гулрез дар хиёбони Рӯдакӣ, маркази шаҳри Душанбе
  • Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
  • Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ дар маркази шаҳри Душанбе, ки дар дохили он пайкараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шудааст
  • Котиботи раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, ки миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол мегиранд.
Рамзи ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад

Рӯзи 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиши навбатии сатҳи байналмилалӣ, пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардидааст.

“Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу гулбез карда шуда, қабои тозаву идона ба бар кардааст. Гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тозае бахшидааст”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дафтари матбуот афзуд, ки имрӯзҳо аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷуҳ доранд. Котиботи раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, ки миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол мегиранд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ