06:47 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Акс

Хайр мактаб дар Русия: гузориши аксӣ аз сайругашти хатмкунандаҳо

Гирифтани линки кӯтоҳ
188 0 0
  • Ҷоизаи IX-и умумирусиягии Хатмкунанда - 2019 дар Кремл
  • Ҷоизаи IX-и умумирусиягии Хатмкунанда - 2019 дар Кремл
  • Таҷлили хатми мактаб дар Чита
  • Таҷлили хатми мактаб дар Чита
  • Ҷоизаи IX-и умумирусиягии Хатмкунанда - 2019 дар Кремл
  • Ҷоизаи IX-и умумирусиягии Хатмкунанда - 2019 дар Кремл
  • Ҷоизаи IX-и умумирусиягии Хатмкунанда - 2019 дар Кремл
  • Таҷлили хатми мактаб дар Чита
  • Шоми хатми мактаб дар Парки Горкийи Маскав
  • Соли 2019 макотиби Русияро 650 ҳазор нафар хатм мекунанд
© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Ҷоизаи IX-и умумирусиягии "Хатмкунанда - 2019" дар Кремл

Шоми хатм, ё ба истилоҳ "бал"-и хатмкунандаҳои мактаб дар Русия маросими анъанавии хайрбодӣ бо мактаб ба шумор меравад

Хайрухуш бо мактаб дар Русия аз ҷониби хатмкунандагон ҳамасола ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад. Аксҳо аз шоми хайрбоди хатмкунандагони Русия бо мактаб дар соли равонро Sputnik Тоҷикистон гирди ҳам овард.

Маросими хатми мактаб дар Русия аз қисмати расмӣ ва ҷашнӣ иборат буда, дар аввал ба хатмкунандагон шаҳодатномаи камолот дода мешавад ва сипас барномаҳои тафреҳӣ гузаронда мешаванд.

Шомҳои хатм дар Русия ҳанӯз аз замони Пётри 1 гузаронда мешаванд. Нахустин хатмкунандагоне, ки бо таври тантанавӣ анҷоми таҳсил дар мактабро таҷлил карданд, муҳассилини макотиби улуми математикӣ ва навигатсионӣ дар Маскав буданд.

Дар пайи инқилоби соли 1917 вазъ тағйир ёфт. Шомҳои хатм, ҳамчун маросими хоси буржуазӣ мамнуъ шуданд. Аммо дар миёнаи солҳои сиюми асри 20 шомҳои хатм дубора эҳё гардиданд.

Баъди пошхӯрии шӯравӣ таҷлили бодабдабаи хатми мактаб дигарбора дар Русия ба ҳукми анъана даромад.

Тибқи иттилои Вазорати маорифи Русия соли равон макотиби кишварро 650 ҳазор нафар хатм мекунанд. Дар шаҳри Маскав маросими асосии хатм дар Парки Горкий баргузор мешаванд. Барои иштирок дар ин маросим 22 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуданд, ки нишондоди рекордӣ тайи 7 соли охир ба шумор меравад.

 

Барчаспҳо:
мактаб, хатмкунандагон, таҳсил, Русия, хатми мактаб

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ