Беҳтарин лаҳзаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳо идона тақдим намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи сафар иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт мебошад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прилетел в Москву - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Ваҳдати миллӣ ба водии Рашт рафт

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор додааст, ки ба иттилои котибот дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов сохта шудааст, оғози расмӣ бахшид.

Дар пайи ба истифода додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд.

Ноҳияи Рашт барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ 4 хатсайри нав ташкил кард

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд

“Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.”

Инчунин рохбари давлат дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Рашт: ҳамаи гумроҳшудагон аз хориҷа баргардонда шаванд

Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуд.

Раисиҷумҳур ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти кишварро,тавсиф намуда ба занони таҷрибадори ноҳияи Сангвор дастур дод, ки ба духтарони ҷавон тарзи омода намудани нонҳои болаззатро омӯзанд.

Эмомали Раҳмон дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшид. Гузашта аз ин сарвари давлат дар ноҳияи Нуробод ба фаъолияти Маркази савдо, майдончаи футбол ва Корхонаи фаръии давлатӣ ҳусни оғоз бахшид.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт
Рабочая поездка президента Таджикистана в Раштскую область - Sputnik Тоҷикистон
1/19
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт
© пресс-служба главы РТЭмомали Раҳмон дар фурудгоҳи Рашт аз чархбол фурӯд омад
Эмомали Рахмон прибыл с рабочим визитом в Раштский район - Sputnik Тоҷикистон
2/19
Эмомали Раҳмон дар фурудгоҳи Рашт аз чархбол фурӯд омад
© Пресс-служба президента ТаджикистанаСокинони ноҳияи Рашт бо либоси идона ба пешвози роҳбари давлат баромаданд
Жители Раштского района приветствуют президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
3/19
Сокинони ноҳияи Рашт бо либоси идона ба пешвози роҳбари давлат баромаданд
© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ҳангоми аз чархбол фурӯд омадан, гулдухтарони Рашт бо либоси миллӣ ва дастагулҳо пешвоз гирифтанд
Жители Раштского района приветствуют президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
4/19
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ҳангоми аз чархбол фурӯд омадан, гулдухтарони Рашт бо либоси миллӣ ва дастагулҳо пешвоз гирифтанд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИстиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дар ноҳияи Сангвор
Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон
5/19
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дар ноҳияи Сангвор
© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор дод
Молодые спортсмены Раштского района Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
6/19
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор дод
© Пресс-служба президента ТаджикистанаСуханронии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани мактаби варзишӣ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
7/19
Суханронии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани мактаби варзишӣ
© пресс-служба главы РТЭмомалӣ Раҳмон дар иҳотаи варзишгарон
Эмомали Рахмон открыл спортивную площадку - Sputnik Тоҷикистон
8/19
Эмомалӣ Раҳмон дар иҳотаи варзишгарон
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Раҳмон дар иҳотаи толибилмони ноҳияи Сангвор
Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон
9/19
Эмомали Раҳмон дар иҳотаи толибилмони ноҳияи Сангвор
© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, оғози расмӣ бахшид
Магазин в Раштском районе Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
10/19
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, оғози расмӣ бахшид
Дар пайи ба истифода додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд
Эмомали Рахмон вручил праздничные подарки сиротам - Sputnik Тоҷикистон
11/19
Дар пайи ба истифода додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд
Кӯдакон дар арафаи таҷлили бошукуҳи 22 - солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дасти Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи пулӣ ва сару либоси зебо гирифтанд
Эмомали Рахмон вручил праздничные подарки сиротам - Sputnik Тоҷикистон
12/19
Кӯдакон дар арафаи таҷлили бошукуҳи 22 - солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дасти Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи пулӣ ва сару либоси зебо гирифтанд
Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба кушодашавии фаъолияти маркази баргузории туйю маҳфилҳо ҳусни оғоз бахшид
Эмомали Рахмон открыл центр для проведения свадеб - Sputnik Тоҷикистон
13/19
Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба кушодашавии фаъолияти маркази баргузории туйю маҳфилҳо ҳусни оғоз бахшид
© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалт Раҳмон аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуд. Раисиҷумҳур ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти кишварро, ки дар намоишгоҳ ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонд.
Лепешки, испеченные к празднованию Дня национального единства - Sputnik Тоҷикистон
14/19
Эмомалт Раҳмон аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуд. Раисиҷумҳур ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти кишварро, ки дар намоишгоҳ ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонд.
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон маззаи асали занбӯрпарварони ноҳияро чашид.
Эмомали Рахмон посетил село Холибеки и Хумдон - Sputnik Тоҷикистон
15/19
Эмомалӣ Раҳмон маззаи асали занбӯрпарварони ноҳияро чашид.
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ
Эмомали Рахмон посетил село Холибеки и Хумдон - Sputnik Тоҷикистон
16/19
Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ
© Пресс-служба президента ТаджикистанаНамоишгоҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Рашт
Урожай лука в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
17/19
Намоишгоҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Рашт
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанБоздиди Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи Холибек ва Хумдон
Эмомали Рахмон посетил село Холибеки и Хумдон - Sputnik Тоҷикистон
18/19
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи Холибек ва Хумдон
© пресс-служба главы РТРаисиҷумҳури Тоҷикистон ба занони таҷрибадори ноҳияи Сангвор дастур дод, ки ба духтарони ҷавон тарзи омода намудани нонҳои болаззатро омӯзанд

Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон
19/19
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба занони таҷрибадори ноҳияи Сангвор дастур дод, ки ба духтарони ҷавон тарзи омода намудани нонҳои болаззатро омӯзанд

Лентаи хабарҳо
0