20:16 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Акс

Қрим дар замони Шӯравӣ чӣ гуна буд?: аз кулоҳҳои занона то гимнастикаву Гагарин

Гирифтани линки кӯтоҳ
23401
  • Машқҳои субҳона дар яке аз истироҳатгоҳои Қрим, соли 1954
  • Деҳаи Кореиз дар наздикии шаҳри Ялтаи Қрим
  • Дар бандари Ялта, Қрим соли 1956
  • Истироҳати оилавӣ бо мошинҳои шахсӣ дар Қрим
  • Истироҳат дар Қрим
  • Истироҳати ҷавонон дар шаҳри Ялта. Қрим соли 1939
  • Истироҳатгоҳи Курпат дар шаҳри Ялтаи, Қрим
  • Тарбиятгарони кӯдакистони совхози Феодосия зимни гаштугузор. Қрим соли 1939
  • Машқҳои субҳона дар соҳили Баҳри сиёҳи Қрим
  • Юрий Гагарин ҳангоми охирин истироҳаташ дар Қрим
  • Машҳуртарин минтақаи Қрим, шаҳри Ялта
  • Фароғат дар истироҳатгоҳи Спутник. Қрим деҳаи Гурзуф.
© Sputnik / Anatoliy Garanin
Машқҳои субҳона дар яке аз истироҳатгоҳои Қрим, соли 1954

Дақиқан, 5 сол пеш аз ин, рӯзи 16 марти соли 2014 дар саросари Қрим райъпурсӣ баргузор шуда, бар асоси натоиҷи он ҷумҳурии Қрим ва Севастопол ба ҳайати Русия шомил гардид.

Дар баргаҳои раъй ду савол вуҷуд дошт: "Шумо ҷонибдори пайвастани Қрим ба ҳайати Русия ҳастед" ва "Шумо тарафдори барқарорсозии Конститутсияи соли 1992, ки Қрим як ҷузъи Украина маҳсуб меёбад, ҳастед?".

Аксари раъйдиҳандагон (96,77%) аз пайвастани Қрим ба Русия тарафдорӣ карданд. Ба қавли раиси Комиссияи баргузории раъйпурсии Қрим Михаил Малишев, дар ин маъарака 83,1 дарсади сокинони минтақа, ки ҳуқуқи ширкат дар овоздиҳиро доштанд, иштирок варзиданд.

Пас аз ду рӯзи раъйпурсӣ президенти Русия Владимир Путин ва роҳбарияти Қриму шаҳри Севастопол шартномаи ба ҳайати ФР шомил гардидани манотиқи мазкурро имзо карданд.

Имрӯзҳо Қрим яке аз минтақаҳои зебои истироҳатӣ ва сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯзҳо дар Қрим метавон биноҳои муоссирро мушоҳида кард, ки дар давраи охир сохтмони онҳо бо суръат идома дорад.

Аммо минтақаи Қрим дар замони Шӯравӣ чи гуна буд?

Sputnik Тоҷикистон гузориши акси омода намуда барои хонандагон беҳтарин аксҳои замони Шӯравӣ джар минтақаи Қримро ҷамъоварӣ намудааст.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ