01:47 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Акс

Орзуқ ва фатир: Раҳмон Жээнбековро бо чӣ зиёфат кард?-акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (156)
514 0 0
  • Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков

Вохӯрии раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков

Кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар назди марзи давлатҳояшон вохӯрданд

Имрӯз Эмомалӣ  Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва бевосита шинос шудан аз  вазъияти саҳадоти ду кишвар  бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.

Қаблан президенти Тоҷикистон ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жээнбековро барои мулоқот ба шаҳри Исфараи Тоҷикистон даъват намуда буд.

Жээнбеков даъвати Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, субҳи имрӯз дар марзи ду кишвар раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрӣ ва мулоқот доир намуданд.

Бар хабари дафтари матбуоти роҳбари Тоҷикистон, мулоқоти сарони ин ду давлат пас аз шаҳри Исфара дар Чолпон-Оте идома меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

Дар назар сафари Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари ҳамсоя то 28-уми июл давом кунад.

Маврид ба зикр аст, ки сарони ду давлат муҳиммияти нигоҳдории сулҳу осоиштагӣ ва дӯстии чандинасраи миёни мардуми ду кишварро таъкид карда, барои аз байн бурдани мушкилоти сокинони наздимарзӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст

Сафар ва мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки санаи 22-юми июл дар марзи ин ду кишвар задухӯрди сокинон ба амал омада буд, ки дар натиҷа 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода, наздики 16 тани дигар аз ҳар ду ҷониб сахт ҷароҳат бардоштанд.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (156)
Барчаспҳо:
акс, Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Исфара

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ