18:16 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
© Sputnik / Vladimir Vyatkin
Фаввораи "Дӯстии халқҳо" дар ВДНХ - и Маскав.

Соли 2019, муҳимтарин намоишгоҳи Русия, 80-солагии боғи ВДНХ (Намоишгоҳи Дастовардҳои Хоҷагии Халқ) дар Маскав мебошад

Намоишгоҳи Дастовардҳои Хоҷагии Халқ (ВДНХ), - макони сайёҳатиест, ки ба бузургӣ як шаҳрро мемонад. Ин намоишгоҳ ба феҳристи 50 намоишгоҳи бузургтарини ҷаҳон ворид шудааст.

Майдони умумии намоишгоҳ 520 гектарро дар бар мегирад. Майдони умумии ғурфаҳо бошад, 130 га мебошад.

Аз се тон оши палав то куштӣ: таҷлили Наврӯз дар ВДНХ Маскав-Навор

Мавсими сайру сайёҳат дар остонаи 80-солагии намоишгоҳ, сайёҳонро аз ҳар гӯшаи дунё дар ин ҷо ҷамъ хоҳад кард.

Дар остонаи ин ҷашн, баргузории беш аз 100 барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ дар ВДНХ дар назар аст.

Ногуфта намонад, ки ҷашни муҳимтарини тоҷикон - Наврӯз низ, ҳамасола бо шаҳомати хосса дар ҳамин намоишгоҳ баргузор мешавад.

Наврӯзи тоҷикони Маскав дар ВДНХ

Барчаспҳо:
боғ, намоишгоҳ, Москва, Русия

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ