18:06 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Акс

Сафари Раҳмон ба Хатлон: 14 лаҳзаи хотирмон аз сафари раисҷумҳур ба Ховалинг-акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
395 0 0
  • Истиқболи самимонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг
  • Бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар ноҳияи Ховалинг
  • Суҳбати самимонаи раисҷумҳур бо кормандони беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг зимни маросими ифтитоҳ
  • Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ба истифода додани маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Ховалинг
  • Ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон ба занони дӯзандаи ноҳияи Ховалинг
  • Маосими ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг
  • Истиқболи мактаббачаҳо аз Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг
  • Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг
  • Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо хонандаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4  деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг
  • Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг иштирок кард
  • Маросими ботантанаи ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг
  • Маросими ифтитоҳи Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг
  • Боздид Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва шиносоӣ бо рафти парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии Суруш-1-и ноҳияи Ховалинг
Истиқболи самимонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ва барои ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар кард

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сокинон ноҳияи Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлатро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Дар макони истиқбол Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни нонпазии кадбонуҳои ноҳия дидан намуда, зимни суҳбат онҳоро ба ҳифзи анъанаҳои хоси миллӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунари нонпазӣ ба ҷавондухтарон ҳидоят намуд.

Сипас раисҷумҳури кишвар дар деҳаи Лоҳутӣ, беморхонаву маркази хизматрасониву бинои маъмурии Ҷамоати деҳот ва мактабро ифтитоҳ намуда, ба сӯи маркази ноҳияи Ховалинг равона шуд. 

Дар маркази ноҳияи Ховалинг раисҷумҳур як зумра иншоотҳои муҳим, аз қабили Боғ, парчам, нишони давлатӣ, бинои ҳизби ҳоким, бинои маркази ҷавонон, беморхонаи марказиро ифтитоҳ кард.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ