07:02 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Акс

Гузориши аксӣ аз намози ид дар Душанбе

Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0
  • Субҳи имрӯз бисёре аз мусалмонҳои Тоҷикистон дар масоҷиди кишвар намози Иди Қурбон баргузор карданд
  • Аъзои Шӯрои уламо, таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода қаблан вақти намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳуриро соати 06.30 муайян карда буд
  • Намози иди Қурбон дар масҷиди Душанбе
  • Аз намозгузорон даъват карданд, ки дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии кишвар саҳми худро гузоранд
  • Дар ин рӯз имомхатибон дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуданд
  • Таъкид шуд, ки дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст
  • Намози ид дар Душанбе
  • Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад
  • Намозгузорон дар рӯзи Иди Қурбон дар масҷиди марказии Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Субҳи имрӯз бисёре аз мусалмонҳои Тоҷикистон дар масоҷиди кишвар намози Иди Қурбон баргузор карданд

Субҳи имрӯз бисёре аз мусалмонҳои Тоҷикистон дар масоҷиди кишвар намози Иди Қурбон баргузор карданд

Аъзои Шӯрои уламо, таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода қаблан вақти намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳуриро соати 06.30 муайян карда буд, ки имрӯз аз ҷумла дар масҷиди марказии Душанбе низ баргузор шуд.

Дар ин рӯз имомхатибон дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, аз намозгузорон даъват карданд, ки дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии кишвар саҳми худро гузоранд.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ