12:40 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Акс

Таҷлили Иди Қурбон дар Эрон - гузориши аксӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
52120
© Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh
Намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Эрон

Имрӯз, дар Эрон иди саиди Қурбон аст ва намози ин иди бузург субҳи имрӯз бо ҳузури пуршӯри мардум ‏дар саросари Эрон баргузор шуд.

Иди Қурбон, яке аз идҳои мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.

Идгардаки эрониҳоро дар Иди Қурбон аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ