Танкронҳои тоҷик дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ”: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Обуна шудан
Танкроҳои тоҷик дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ”, ки дар размоишгоҳи низомии Алабинои атрофи шарҳи Маскав баргузор шудааст, то даври ниманиҳоӣ расиданд ва ҷойи 8-ро ба даст оварданд

Тоҷикистон бори аввал нест, ки дар ин мусобиқа иштирок менамояд. Сол аз сол танкронҳои тоҷик дар мусобиқаи мазкур натиҷаҳои хубе нишон медиҳанд. Маълум аст, ки танкронҳои тоҷик барои бартараф намудани иштибоҳҳои худ, ки дар мусобиқаҳои солҳои қабли карда буданд, коҳои амалҳои зиёдеро анҷом доданд.

Военные Таджикистана на танковом биатлоне - Sputnik Тоҷикистон
Шикасти Кувайт ва рекорди нави тоҷикон дар “Биатлони танкӣ”

Намояндаи вазорати дифоъ: бархурди танкҳои Тоҷикистону Уганда аз беаҳамиятӣ сурат гирифт

Мутаасифона тими танкронҳои Тоҷикистон дар пайи бархӯрд дар даври ниманиҳоӣ бо тасмими доварон аз сабқат барканор карда шуд

Дастаи танкронҳои Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии "Биатлони танкӣ" сазовори ҷои 8 шуданд ва   бо тасмими доварон аз сабқат барканор карда шуд.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ашӯров намояндаи вазорати дифои Тоҷикистон дар бозиҳои артишҳо гуфт  танкронҳои тоҷик як каме беаҳмиятӣ карданд. 

Нерӯҳои зиреҳии Тоҷикистон севум бор дар "Биатлони танкӣ" ширкат мекунанд

“Тибқи қоидаи бозӣ бархурди танкҳо метавонад боиси барканории даста шавад. Танкронҳои тоҷик каме беаҳмиятӣ карданду надиданд танки тими Угандаро, ба ҳимин хотир садама рух дод. Ин кор вайрон намудани қоидаи бехатарӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз ба ҳамин хотир тими Тоҷикистон барканор шуд”, - таъкид кард Ашӯров. 

Девушки-танкистки показали класс на подмосковном Алабино - Sputnik Тоҷикистон
Духтарони танкрон дар мусобиқаи "Биатлони танкӣ" мардонро қоил карданд

Ёдрас мешавем, ки Дар марҳилаи аввали даври ниманиҳоии "Биатлони танкӣ" дар бозии байналмилалии артишҳо тими танки Тоҷикистон бо танки Уганда бархӯрд.

Бархӯрди танки Тоҷикистон бо рақиб ва барканории тим - видео

Дар ин марҳилаи қувваозмоӣ тимҳои Тоҷикистон, Мянмар, Уганда ва Ветнам барои ҳаққи баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекарданд. Аммо зимни сабқат тими танкронҳои Тоҷикистон ба дастаи Уганда роҳ надода, бо танки рақиб бархӯрд. Дар натиҷа тими Тоҷикистон барканор карда шуд.

Бори нахуст сабқати "Биатлони танкӣ бо пешниҳоди вазири дифои Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд.

Сабқати "Биатлони танкӣ"-и соли 2019 аз 3 август оғоз шуда то 17 август идома хоҳад кард. Давоми ду ҳафта дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.

Имсол бозиҳои артишӣ - АРМИ, ҷашнӣ буда, бори панҷум баргузор мешавад ва дар ин сабқат 220 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.

Соли гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ хуб ҳунарнамоӣ карда буд, вале ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт.

 

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБори нахуст сабқати "Биатлони танкӣ бо пешниҳоди вазири дифои Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд
Танк Т-72Б3 команды армии Таджикистана на дистанции первого этапа Индивидуальная гонка в соревнованиях Танковый биатлон - Sputnik Тоҷикистон
1/10
Бори нахуст сабқати "Биатлони танкӣ бо пешниҳоди вазири дифои Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд
© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДар соли ҷорӣ дар мусобиқаи байналмилалии "Биатлони танкӣ" 25 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок мекунанд
Танк Т-72Б3 команды армии Венесуэлы Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
2/10
Дар соли ҷорӣ дар мусобиқаи байналмилалии "Биатлони танкӣ" 25 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок мекунанд
© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСабқати "Биатлони танкӣ"-и соли 2019 аз 3 август оғоз шуда то 17 август идома хоҳад кард. Давоми ду ҳафта дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.
Участники команды армии Казахстана на соревнованиях Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
3/10
Сабқати "Биатлони танкӣ"-и соли 2019 аз 3 август оғоз шуда то 17 август идома хоҳад кард. Давоми ду ҳафта дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.
© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДар рақобати аввал танкронҳои тоҷик рекорд заданд ва ба марра дар давоми 26 дақиқавуу 39 сония расиданд.
Танк Т-72Б3 команды армии Сирии Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
4/10
Дар рақобати аввал танкронҳои тоҷик рекорд заданд ва ба марра дар давоми 26 дақиқавуу 39 сония расиданд.
© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДар мусобиқаи мазкур дастаи Тоҷикистон тими Қувайтро шикаст доданд
Танк Т-72Б3 команды армии Кувейта Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
5/10
Дар мусобиқаи мазкур дастаи Тоҷикистон тими Қувайтро шикаст доданд
© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкДар рақобатҳои баъди низ дастаи танкронҳои Тоҷикистон натиҷаҳои хубе нишрн дод
Танк Т-72Б3 команды армии Таджикистана. Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
6/10
Дар рақобатҳои баъди низ дастаи танкронҳои Тоҷикистон натиҷаҳои хубе нишрн дод
© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкТирандозии хуб ва суръат баланд ба дастаи Тоҷикистон кумак кард то ба даври ниманиҳоӣ расад
Танк Т-72Б3 команды армии Таджикистана  Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
7/10
Тирандозии хуб ва суръат баланд ба дастаи Тоҷикистон кумак кард то ба даври ниманиҳоӣ расад
© KONSTANTIN MOROZOVМутаасифона тими танкронҳои Тоҷикистон дар пайи бархӯрд дар даври ниманиҳоӣ бо тасмими доварон аз сабқат барканор карда шуд
Танк команды армии Таджикистана Танковый биатлон - 2019  - Sputnik Тоҷикистон
8/10
Мутаасифона тими танкронҳои Тоҷикистон дар пайи бархӯрд дар даври ниманиҳоӣ бо тасмими доварон аз сабқат барканор карда шуд
© © Sputnik / Константин МорозовБа гуфтаи Маҳмадалӣ Ашӯров намояндаи вазорати дифои Тоҷикистон, танкронҳои тоҷик каме беаҳмиятӣ карданду танки тими Угандаро надиданд, ба ҳимин хотир садама рух додааст
Танк команды армии Таджикистана Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
9/10
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ашӯров намояндаи вазорати дифои Тоҷикистон, танкронҳои тоҷик каме беаҳмиятӣ карданду танки тими Угандаро надиданд, ба ҳимин хотир садама рух додааст
© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкДастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.
Танковый биатлон -2019. Индивидуальная гонка - Sputnik Тоҷикистон
10/10
Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0