09:17 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Акс

Панҷоҳ соли сохтмони Роғун: аксҳои таърихӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
279 0 0
  • Таърихи НБО Роғун дар аввали солҳои 70-ум, вақте ки экспедитсияҳои аввалини иктишофӣ ба дарёи Вахш фиристода шуда буданд, оғоз ёфт.
  • Сохтмончиёни НБО Роғун аз болои пули дарёи Вахш мегузаранд (1972)
  • Дар манотиқе, ки сохтмони НБО Роғун ба роҳ монда мешавад (1973 год)
  • Оғози сохтмони нақби дуюми нақлиётии НБО-и Роғун (1983)
  • Мошин аз болои пуле мегузарад, ки дар он ҷо сарбанди НБО Роғун ҷойгир хоҳад шуд. Соли 1983
  • Таджикская ССР. Строительство Рогунской ГЭС на реке Вахш. Работают монтажники-скалолазы. 1986
  • Гурӯҳи кӯҳнавардон дар сохтмони НБО Роғун дар дарёи Вахш кор мекунанд (1986).
  • Нақби туннелҳо ҳангоми сохтмони НБО Роғун дар дарёи Вахш (1986).
  • Коргарон ҳангоми сохтмони нақби нақлиётӣ дар сарбанд (1986).
  • Таркиши маконе, ки  барои сохтмони сарбанди НБО Роғун омода мекунанд (1986).
  • Яке аз хатҳои конвейер, ки бо ёрии он пур кардани сарбанди баландтарин дар дунёи НБО Роғун (1986) анҷом дода мешавад.
  • Булдозер нишеби кӯҳҳоро дар минтақаи сарбанд тоза мекунад (1986).
  • 1987: Булдозер дар сохтмони нақби нақлиётӣ дар сарбанди НБО Роғун кор мекунад.
  • Деҳаи Нави Роғун, деҳаи бинокорони НБО Роғун
  • Запуск 2 агрегата Рогунской ГЭС
  • Сохтмони НБО Роғун дар Тоҷикистон
  • Эмомали Раҳмон дар майдони сохтмони НБО Роғун
  • НБО Роғун
  • Президент Таджикистана Эмомали Рахмон запустил работу первого агрегата Рогунской ГЭС
  • Ифтитоҳи НБО Роғун
© Sputnik / А. Горячев
Таърихи НБО Роғун дар аввали солҳои 70-ум, вақте ки экспедитсияҳои аввалини иктишофӣ ба дарёи Вахш фиристода шуда буданд, оғоз ёфт.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бузургтарин лоиҳаи сохтмонӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки таърихи тақрибан ним аср дорад

Чархаи дуюми нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун имрӯз 9 - уми сентябри соли 2019 дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Барои ба кор андохта шудани чархаи дуюми ин нерӯгоҳ барои Тоҷикистон бисёр воқеаи муҳим аст.

Муҳимияти он на танҳо дар он зоҳир мешавад, ки яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои барқӣ - обии ҷаҳон ба истифода дода шуд, балки ифтитоҳи он ин ғалабаи маънавӣ аст, зеро сохтмони он ҳанӯз аз соли 1970 шурӯъ шуда, акнун ба натиҷаҳои муваффақ ноил гардид.

Аз дудилагии Раҳмон то дастури қатъӣ ба Расулзода: кори намешуданӣ нест-акс

Сохтмони нерӯгоҳи барқӣ обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин — Роғун соли 1976 сар шуда буд. Ҳарчанд нахустин лоиҳаи техникии нерӯгоҳ соли 1974 тасдиқ ёфта буд, вале корҳои сохтмонӣ дертар шурӯъ шуданд.

Танҳо дар марҳилаи аввал, зиёда аз 300 корхонаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар кори ин лоиҳа ширкат варзиданд. Дар мавзеи НБО-и ояндаи Роғун беҳтарин муҳандисон, сохтмончиёни тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекарданд.

 Барои давом додани сохтмони НБО Роғун  Ҷумҳурии Узбакистон зиддият нишон дода буд валебо гузашти чанде ва пас аз иваз шудани роҳбарияти ин кишвар мавқеи Узбакистон дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи азими барқӣ- обии Роғун комилан дигар шуд.

Раҳмон: он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба давлати нерӯманду пешрафта табдил меёбад

Лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун ​​аз ҳама ҷиҳат мушкилӣ дошт. Нахуст макони сохтмон дар шароити мураккаби релефӣ ҷойгираст. Гузашта аз ин Роғун дар минтақаи фаъолияти сейсмикӣ ҷойгир буда, сангҳои он осебпазиранд ва дар зери дарёи Вахш конҳои калони намакҳои сангӣ мавҷуданд, ки дар шароити номаълум онҳо метавонанд бо ҷараёни тези рӯди Вахш шуста шаванд.

Дуюм, худи сохтмони сарбанд танҳо як ҷузъи хурди тамоми лоиҳа ба ҳисоб меравад, зеро бунёди тамоми инфрасохтор: роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, нақбҳо низ зарур аст.

Маҳз мавҷуд будани чунин мушкилот, арзиши  лоиҳаи сохтмонии ин нерӯгоҳ бисёр гарон буда, танҳо соли гузашта аз буҷаи кишвар барои идомаи корҳои сохтмонӣ 220 милдлион доллар ихтисос дода шуд.

Аммо бар ивази нархи гарони лоиҳа, муҳим ин аст, ки  НБО Роғун ба Тоҷикистон мустақилияти пурраи энергетикӣ медиҳад.

Гузашта аз ин нерӯгоҳи мазкур кишварҳои ҳамсояро низ бо  нерӯи барқ таъмин мекунад.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, НБО Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Сарбанди он 335 метр буда, дар назар аст, ки лоиҳаи пурраи сохтмони шаш агрегат то соли 2029 ба анҷом расад.

Барчаспҳо:
акс, ифтитоҳ, Роғун

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ