Посух ба ҳамлаи 100 ҷангҷӯ ба марзи Тоҷикистон: гузориши аксӣ аз размоиш

Обуна шудан
Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон якҷоя бо низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар размоишгоҳи Лоҳур посухи фаврӣ ба ҳамлаи гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳро тамрин карданд

Ин тамрин дар доираи размоиши густурдаи “Марказ – 2019” гузаронда шуда, низомиёни ду кишвар гуруҳҳои ҷангии ғайриқонуниро безарар гардонданд.

Открытие V Армейских международных игр - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Полковники тоҷик аз зуҳури "ДОИШ" дар Афғонистон баъди шикаст дар Сурия гуфт

Бар асоси барномаи размоиш, гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳи иборат аз ҳудуди 100 нафар ба қисми марзбонии Тоҷикистон ҳамла кардаанд. Дар доираи тамринот, ҳавопаймоҳои Л-39 ва чархболҳои ҷангии Ми-24 ба ҳамлагарон зарба мезананд. Ҳамлагарон аз замин низ мавриди тирборон аз миномётҳо ва дигар воситаю техникаҳо қарор мегиранд.

Дар идома ҳамлагарон ақибнишинӣ мекунанду дар маҳалли истиқоматӣ сокинони мулкиро гаравгон мегиранд. Низомиёни Тоҷикистону Русия зимни як амалиёти махсус гаравгонҳоро халос карда, ҳамлагарони шартиро безарар мегардонанд.

Фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон ба амалиёти муштараки низомиён баҳои баланд дода, таъкид кардаанд, ки якҷоя қодиранд марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳифз кунанд.

Қаблан Ҷаҳонгир Назарализод, полковники тоҷик дар пасманзари таҷаммӯи ҷангиёни "ДОИШ" дар Афғонистон размоиши муштаракаи "Марказ - 2019"-ро махсусан муҳим хонда буд.

Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Таъмини амнияти минтақаро низомиёни Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда мегиранд

Теъдоди ҷонибдорони созмони террористии мамнуъ, "ДОИШ" дар Афғонистон ба ҳадди буҳронӣ расидааст, изҳор дошт полковники тоҷик Ҷаҳонгир Назарализод зимни маросими ифтитоҳи тамринҳои "Марказ - 2019".

"Баъди амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дар Ироқ ва Сурия ДОИШ шикаст хӯрд ва саркардаҳои он нерӯҳошонро ба Афғонистон равона карданд. Аз ҳисоби таблиғот ҳамарӯза теъдоди ҷонибдорони ДОИШ афзоиш ёфта, ба ҳадди буҳронӣ наздик омадааст", -таъкид кард полковник Назарализод, сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки вазъ дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон мояи нигаронӣ мебошад ва бояд тадобири амниятӣ таҳким бахшида шаванд.

Иштироки Тоҷикистон дар размоиши бузурги низомӣ дар Русия

Размоиши стратегии “Марказ – 2019” ҳамчунин дар вилояти Оренбург аз 16 то 21-уми сентябр гузаронда мешавад. Дар ин машқҳо низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳинд, Қазоқистон ва Узбакистон дар маҷмуъ ҳудуди 128 ҳазор нафар иштирок доранд. Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТанки Т-72Б1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
Танки Т-72Б1 ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар размоишгоҳи Лоҳур  - Sputnik Тоҷикистон
1/11
Танки Т-72Б1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЧархболи ҷангии Ми-24 дар доираи размоиши "Марказ - 2019" дар пойгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ҳадафи тирборон қарор додааст
Чархболи ҷангии Ми-24 дар доираи размоиши Марказ - 2019 дар пойгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ҳадафи тирборон қарор додааст  - Sputnik Тоҷикистон
2/11
Чархболи ҷангии Ми-24 дар доираи размоиши "Марказ - 2019" дар пойгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ҳадафи тирборон қарор додааст
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЧархболҳои Ми-24 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур дар Тоҷикистон
Чархболҳои Ми-24 ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар размоишгоҳи Лоҳур дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
3/11
Чархболҳои Ми-24 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур дар Тоҷикистон
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЯке аз низомиён ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар пойгоҳи Лоҳур
Яке аз низомиён ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар пойгоҳи Лоҳур  - Sputnik Тоҷикистон
4/11
Яке аз низомиён ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар пойгоҳи Лоҳур
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНизомӣ бо снайпери Драгунов ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
Низомӣ бо снайпери Драгунов ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар размоишгоҳи Лоҳур  - Sputnik Тоҷикистон
5/11
Низомӣ бо снайпери Драгунов ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДастгоҳи худгарди артиллерии Гвоздика 2С1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
Дастгоҳи худгарди артиллерии Гвоздика 2С1 ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар размоишгоҳи Лоҳур  - Sputnik Тоҷикистон
6/11
Дастгоҳи худгарди артиллерии Гвоздика 2С1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНизомиён даро назди зиреҳпӯши БТР-82А ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
Низомиён даро назди зиреҳпӯши БТР-82А ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар размоишгоҳи Лоҳур  - Sputnik Тоҷикистон
7/11
Низомиён даро назди зиреҳпӯши БТР-82А ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЧархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст
Чархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст - Sputnik Тоҷикистон
8/11
Чархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЧархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст
Чархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст - Sputnik Тоҷикистон
9/11
Чархболи Ми-24 дар размоишгоҳи Лоҳур гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии ҳамлагарро ҳадафи ҳамла қарор додааст
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТанки Т-72Б1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
Танки Т-72Б1 ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар размоишгоҳи Лоҳур  - Sputnik Тоҷикистон
10/11
Танки Т-72Б1 ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНизомиён ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
Низомиён ҳангоми размоиши Марказ - 2019 дар размоишгоҳи Лоҳур  - Sputnik Тоҷикистон
11/11
Низомиён ҳангоми размоиши "Марказ - 2019" дар размоишгоҳи Лоҳур
Лентаи хабарҳо
0