18:57 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Акс

Оши палав ва рақс: Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
196 0 0
  • Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе

© Sputnik / Амир Исаев
Ҷашнвораи ғизои миллӣ ва мусиқӣ дар Душанбе.

Рӯзҳои 21-22 сентябр  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати "Пур-Нур"  Ҷашнвораи хӯрокҳои миллӣ ва мусиқӣ баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории Ҷашнвора, рушди соҳаи сайёҳӣ, хӯрокҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи мардум нисбат ба муаррифии хӯрокҳои миллии  тоҷикон мебошад.

Ҷашнвора таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, дар он таомҳои миллии  аз гӯшт ва моҳӣ омодашуда, намудҳои гуногуни хӯришҳо, нӯшокиҳо ва шириниҳо, ки хоси мардуми тоҷиканд, манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шудаанд.

Ҳамзамон дар Ҷашнвора ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо маводу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Инчунин барои кӯдакон барномаҳои махсуси дилхушӣ ва озмунҳо ташкил карда шуданд.

Дар анҷом аз ҷониби  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусӣ  ба вазорату идораҳое, ки дар баргузории фестивал саҳм гузоштанд, сипосномаҳо супорида шуданд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ