15:52 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Акс

Хурду бузург ба пешвози Сомони қаҳрамон: гузориши аксӣ аз Душанбе

Гирифтани линки кӯтоҳ
480 0 0
  • Мақомдорони Тоҷикистон ва наздикони Сомон Маҳмадбеков дар интизори қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳи Душанбе
  • Сомон Маҳмадбеков баъди пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Марокаш ба Ватан баргашт
  • Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадбековро мақомдорони бахши варзиши Тоҷикистон, аз ҷумла гурзандози тоҷик, Дилшод Назаров пешвоз гирифт
  • Маросими пешвози Маҳмадбеков дар толор барои меҳмонони воломақом дар фурудгоҳи Душанбе баргузор шуд
  • Сомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи наздиконаш
  • Дар баромадгоҳи фурудгоҳи Душанбе Сомон Маҳмадбековро садҳо нафар интизор буданд
  • Пешвози Маҳмадбеков дар баромадгоҳи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
  • Хурду бузург ба пешвози Сомон Маҳмадбеков доираю карнай навохтанд
  • Сомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи мухлисон
  • Маросими бошукуҳи пешвози Маҳмадбеков дар Душанбе
  • Ҷавонон ба пешвози қаҳрамон бо парчам дар даст дар ду канори роҳ саф оростанд
  • Сомон Маҳмадбеков дар фурудгоҳ бо намояндагони зиёди ВАО, ки ба пешвозаш омаданд, суҳбат кард
© Sputnik / Амир Исаев
Мақомдорони Тоҷикистон ва наздикони Сомон Маҳмадбеков дар интизори қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳи Душанбе

Сомон Маҳмадбеков, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон, пеш аз зуҳри 24 октябр тариқи хатсайри Кросноярск - Душанбе ба Ватан баргашт

Барои пешвоз гирифтани қаҳрамони тоҷик дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо ҳаводор, мақомдорони бахши варзиш ва наздикони Сомон Маҳмадбеков ҷамъ омада буданд.

Сомонпаҳлавонро мухлисону мақомдорон бо шиору овеза ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Тибқи анъана ба Қаҳрамони ҷаҳон ҷомаи гулдӯзӣ ва тоқӣ пӯшонда, ба гардани ӯ гулчанбар овехтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ, дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ