12:52 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Акс

Карру фари духтарони шарқ: гузориши аксӣ аз Tajikistan Fashion Week

Гирифтани линки кӯтоҳ
1066 0 0
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019
  • Tajikistan Fashion Week - 2019.
Amir Isaev
Дар Душанбе муҳимтарин рухдоди ҷаҳони муд Tajikistan Fashion Week SS'20 баргузор шуд.

Дар Душанбе муҳимтарин рухдоди ҷаҳони муд Tajikistan Fashion Week SS'20 баргузор шуд. Sputnik Тоҷикистон беҳтарин лаҳзаҳои Ҳафтаи мудро дар гузориши аксӣ бароятон омода кардааст

Ҳафтаи муди Tajikistan Fashion Week SS'20 рӯзи 7 ноябр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe оғоз шуд.

Дар Ҳафтаи муди Душанбе тарроҳони ҷавон назари худро ба либоси замонавии мардону занони шарқ нишон доданд. Тарроҳони ҷавон аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон карданд.

"Tajikistan Fashion Week - чорабинии бузурги фарҳангӣ мебошад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор шуда, халқҳои гуногунро ба ҳам оварда, ҳунармандони ҷавонро рӯи саҳна меоранд", - қайд карданд баргузоркунандагони чорабинӣ.

Тарроҳи тоҷик Зебуннисо Ятимова барои намоиши пироҳанҳои дӯхтааш беҳтаринашро интихоб кардааст.

"Ҷамъият ба мардум мегӯяд чӣ гуна бояд буд, вале мо дарк мекунем, ки идеалӣ шудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ мо худро тавре намоиш медиҳем, ки дар асл чунин ҳастем. Ҳар як духтар бояд худро чӣ гунае ки ҳаст, қабул кунад", - мегӯяд Ятимова.

Имсол ба Ҳафтаи муди Тоҷикистон тарроҳони машҳур аз қабили Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова, бунёдгузори бренди PARI Collection Ҳамроева Сабина ва бунёдгузори бренди Moyo Муҳайё Рустамзода низ омада буданд.

Барчаспҳо:
Tajikistan Fashion Week, муд, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ