13:09 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Акс

Гаронии нархи бензин ба тазоҳуроти густурда дар Эрон оварда расонд - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
380 0 0
© AFP 2019 /
Дар ҷараёни тазоҳурот шаҳрвандони норизо ба чандин бонку мағозаҳо хисорот оварда, ҳамчунин як нуқтаи фурӯши сузишвориро оташ заданд.

Болорафтани арзиши бензин дар Эрон ба тазоҳуроти густурдаи шаҳрвандон печид. Эрониҳо барои ибрози нигаронии худ ба кӯчаву паскӯчаҳо рехта, раҳпаймоии эътирозӣ доир намуданд

Ҳукумати Эрон тасмим гирифтанд, сар аз 15 - уми ноябр арзиши маводи сӯхти навъи бензинро гарон намуда, системаи хариди сӯзишворӣ бо нархи имтиёзнокро сангин гардонад.

Ҳамакнун, нарзи бензин дар Эрон аз 10 ҳазор риоли қаблӣ ба 15 ҳазор риол гарон шудаст.

Гузашта аз  ин, квотаи хароҷоти моҳонаи бензин барои ҳар як мошини хусусӣ 60 литр муқаррар карда шудааст. Дар сурати хариди бештари бензин аз меъёри муқарраршуда, он ба қиммати 30 ҳазор риол барои як литр фурӯхта мешавад.

Зимнан, раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ тасмими боло бурдани арзиши маводи сӯзишвории бензинро ба хотири дастгирӣ аз шаҳрвандони нодор рабт дода буд.

Аммо тасмими гирифтаи ҳукумати Эрон боиси хашми аксар шаҳрвандон гардида, онҳо бо доир намудани раҳпаймоӣ ба кӯчаҳо рехтанд.

Гуфта мешавад, дар тазоҳуроти оммавӣ беш аз даҳҳо ҳазор шаҳрвандони норизо иштирок доранд. Роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Шероз, Бирҷанд, Аҳваз ва дигар шаҳрҳо доир ҷараён гирифт.

Зикр мегардад, ки дар Сирҷон, тазоҳургарон ҳатто кӯшиши оташ задани анбори нафт намуданд, ки кормандони пулис аз ин кори онҳо  пешгирӣ карданд.

Ҳушдори вазири Эрон аз амалиёти "ДОИШ" дар Тоҷикистону Узбакистон

Гузашта аз ин, шаҳрвандони норизо ба бонку мағозаҳо хисорот оварда, ҳамчунин як нуқтаи фурӯши сузишвориро оташ заданд.

Бар асари ҳамаи ин бесарусомониҳо якчанд  кормандони пулис ва як нафар тазоҳургар ҷон аз даст доданд.

Барчаспҳо:
акс, тазоҳурот, гарон, бензин, нарх, Эрон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ