15:03 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Акс

Ҷашни дӯстдошта: Соли навро дар давраи ИҶШС чӣ хел пешвоз мегирифтанд? - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
201 0 0
© Sputnik / Oleg Ivanov
Қаҳрамонони асосӣ, ки бе онҳо Соли нав маънӣ надорад, - Бобои барфӣ ва Барфак дар купруки Калининский

Тараддуди пешвоз гирифтани ҷашни Соли Нави мелодӣ, маъмулан аз оғози моҳи декабр шурӯъ мешавад. Тасвирбаёни Sputnik Шуморо ба даврони ИҶШС мебарад ва тарзи пешвоз гирифтани ин идро нишон медиҳад

Аз рӯи анъана, рӯзи 31 декабр қариб ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ филмҳои шуравиро пахш мекунанд: "Карнавалная ноч", "Ирония судбы, ва ё  С легким паром", "Чародеи" ва амсоли инҳо.

Дар робита ба ин, Sputnik Тоҷикистон аксҳои нодиреро ҷамъоварӣ кардаст, ки дар онҳо тарзи пешвоз гирифтани ин ҷашн аз ҷониби бузургсолони даврони ИҶШС нишон дода шудааст.

Бо вуҷуди он ки, тарзи оростани ин ид, бахусус оро додани арчаи Соли навӣ  аз 40 - 50 соли пеш фарқкунанда аст, вале ҳомоно ҳаҷони қабл аз ҷашнгирӣ ва хурсандии кӯдакон то ба имрӯз омада расидааст.

Бобои Барфии тоҷикӣ ба даҳгонаи машҳуртарин Бобоҳои Барфии ИДМ ворид шуд

Дар аксҳои даврони Шӯравӣ низ қаҳрамонони ин ҷашн Бобои барфӣ ва Барфак чун ҳарвақта дар кӯчаҳои сербарфи Маскав қадамзанӣ мекунанд ва бо сокинон ва алалхусус кӯдакон сӯҳбат намуда, тӯҳфаҳои деринтизорро ба онҳо тақдим мекунанд.

Тасвирбаёни мо ба Шумо аз гашти оммавӣ дар майдонҳои калон, бинои дар арафи ид ороста шуда, бозорҳои арчафурӯши ва дигар аксҳои ҷолиби даврони Шӯравиро нишон медишад.

Барчаспҳо:
ҷашн, ИҶШС, Соли нав

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ