05:10 06 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Акс

Алангаи оташ дар Австралия ҳайвонҳоро фаро мегирад - гузориши аксӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
343 0 0
  • Шаҳри Билпини Австралия дар иҳотаи оташсӯзӣ
  • Оташнишон коалоро аз гирдоби сӯхтор берун овард
  • Кенгуруҳо роҳи наҷот аз сӯхторро мекобанд
  • Коалоро пас аз алангаи оташ берун овардан ба бемористони шаҳри Порт - Макуорӣ барои муолиҷа оварданд
  • Ба говҳои аз оташ наҷотёфта алаф дода шуд
  • Ҷангалҳои дар ҳоли сӯхтор қарор доштаи Австралия
  • Сӯхтори шадиди ҷангал дар Австралия
  • Хонае, ки ин саг солҳо бонӣ кард дар оташсӯзӣ сӯхта хокистар шуд
  • Таассуфи жирафҳо дар Боғи ҳайвонот аз сӯхтор ва азоби ҳайвоноти дар он ҷо буда
  • Кенгуру аз оташсӯзии азими ҷангал ба ҳалокат расид
  • Муборизаи оташнишонон бо сӯхтори азими ҷангалҳои Австралия
  • Боғи миллии Флиндерс - Чейс пас аз сӯхтор
  • Ҷасади беҷонӣ тӯтӣ дар ҷангали Австралия
© AP / Mick Tsikas / AAP Images
Шаҳри Билпини Австралия дар иҳотаи оташсӯзӣ

Австралия наздики чаҳорумин моҳ дар иҳотаи дуди ғализи оташ қарор гирифтааст; ҷангалҳо ба коми оташ рафта, одаму ҳайвонҳо ҷон аз даст медиҳанд

Оташсӯзии шадиди ҷангалзорҳо дар Австралия аз моҳи сентябри соли 2019 шурӯъ шудааст ва то ҳол алангаи он хомӯш намешавад.

То ин замон бештар аз ним миллиард ҷонварон, ҳазорон гектар бешазорон ва заминҳои кишт, ҳазорон манзилҳои зист ба коми оташ рафтаанд.

Алангаи оташ то кунун 102 миллион гектар дар ин иёлотро сӯзонданд ва се нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар саросари кишвар то кунун 24 нафар бар асари сӯхтори азим ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, дар умум дар Австралия 603 миллион гектар дар оташ сӯхтааст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз созмонҳои ҳавошиносии Австралия пешгӯӣ карда буданд, ки имрӯз, ба далели баланд шудани ҳарорати ҳаво сӯхтор ба авҷи бесобиқаи худ мерасад.

Барчаспҳо:
акс, ҷангал, сӯхтор, Австралия

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ