10:16 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Акс

Сардӣ, офтоб ва кӯҳҳои пур аз барф: мавсими лижаронӣ дар Сафед-дара – акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
317 0 0
  • Сафед-дара дар 55 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст
  • Сафеддара, ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар мебошад, ҳар сол аз он беш аз се ҳазор сайёҳ сафар мекунанд
  • Лыжный сезон в Сафед-Даре
  • Иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмааи мазкур имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад
  • Сайёҳон дар Сафед-дара
  • Бозиҳои зимистонаи кӯдакон дар Сафед-дара
  • Қадамзаданӣ бо лижа, яке аз маҳбубтарин бозиҳо миёни сайёҳон
  • Ӯстодон ба тамоми хоҳишмандон лижарониро омӯзиш медиҳанд. Омӯзиш барои ҳамма комилан ройгон аст
  • Инчунин, дар қаламрави Сафед-дара аввалин майдончаи ях мавҷуд аст
  • Омодагии сайёҳон дар Сафед-дара
  • Мавсими лижаронӣ дар Сафед-дара то охири моҳи май идома ёбад
  • Дар Сафед-Дарадар масофаи 2027 метр Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ сохта ба истифода дода шудааст
  • Истироҳати сайёҳон баъд аз лижаронӣ дар Сафед-дара
  • Сайёҳони хориҷиву дохилӣ дар Сафед-дара дар мавсими зимистонӣ
© Sputnik / Амир Исаев
Сафед-дара дар 55 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст

Дар 55 километрии шаҳри Душанбе маконе ҳаст бо номи Сафед-дара. Sputnik Тоҷикистон аз ин мавзеи зебои кишвар гузориши аксӣ таҳия кардааст

Сафеддара, ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар мебошад, ки ҳар сол ба он қариб се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд.

Республиканские соревнования по горным лыжам среди юниоров в горнолыжном комплексе Сафед Дара
Горнолыжный комплекс "Сафед Дара"

Бояд гуфт, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмааи мазкур имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад.

Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меоварад, ки дар оянда ин намуди бозиҳои зимистона дар кишвар ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад.

Дар маҷмӯъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.

Дар "Сафед-Дара"дар масофаи 2027 метр "Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ" сохта ба истифода дода шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадоме аз ин таҷҳизот то 8 нафар метавонад ҷойгир шаванд.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ