01:45 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Акс

Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе: гузориши аксӣ

Гирифтани линки кӯтоҳ
329 0 0
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе: гузориши аксӣ
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
  • Таҷлили ҷашни Сада дар Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Рӯзи 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷашни Садатаҷлил карда шуд.

Имрӯз, 26 январ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳи хосса таҷлил шуд. Сокинони пойтахт тавонистанд аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан кунанд ва бирақсанд

Ба хотири таҷлил аз ҷашни Сада, имрӯз дар намоиши идона ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳо ба маъраз гузошта шуд.

Таҷлили Сада 50 шабу 50 рӯз пеш аз Наврӯз

Сада яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик буда, рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-Баҳман барпо мешуд.

Азбаски аз даҳуми Баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд.

Эҳё кардем: Раҳмон аз мухолифати мутаассибону ҷашни Сада бахшида ба кашфи оташ гуфт

Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, маънои оташро ифода менамояд. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ, яъне пирӯзӣ бар торикист.

Sputnik Тоҷикистон беҳтарин аксҳоро аз таҷлили ҷашни Сада гирд овардааст.

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ