18:11 14 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.69
  • RUB0.15
Акс

Оташ гирифт ва пора шуд: суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Истанбул - акс

Гирифтани линки кӯтоҳ
238 0 0
  • Ҳавопаймои мусофирбар, ки дар шаҳри Истанбул суқут кард ба ширкати ҳавонавардии Pegasus Airlines тааллуқ дорад
  • Ҳавопаймои мазкур, ки тариқи хатсайри Измир Истанбул ҳаракат дошт, аз хати нишасту парвоз берун баромадаст
  • Ҳавопаймо ҳинни ба замин фуруд омадан, суқут кардаст
  • Чун аз хати нишаст ва фуруд берун баромадаст
  • Зимнан ба чуқурии 40 метр сарозер шудаст
  • Гуфта мешавад, ҳавопаймо пас аз сарозер шудан ба се қисм пора шуд
  • Қисми пеш ва қафои ҳавопаймо аз қисмати мобайнӣ ҷудо шуд ва ҳамчунин қаноти он низ шикастааст
  • Ба ҷойи ҳодиса зуд кормандони наҷот ҳозир шуданд ва ба сарнишинон кумак расонданд
  • Ба маълумоти пешакӣ, сабаби суқути ҳавопаймо, номусоид будани боду ҳаво арзёбӣ мешавад
  • Ҳавопаймо пас аз суқут кардан, оташ гирифт
  • Муайян гардидаст, ки ҳавопаймо бо 183 сарнишин ва 6 халабон парвоз доштаст. Ба маълумоти Вазорати беҳдошти Туркия дар суқути ҳавопаймо дасти кам 3 сарнишин ба ҳалокат расида, 160 нафари дигар ба беморхона интиқол дода шуданд
  • Наҷотбахшон сарнишинҳои маҷрӯҳшударо аз ҳавопаймо берун меоранд
© AFP 2019 / STR
Ҳавопаймои мусофирбар, ки дар шаҳри Истанбул суқут кард ба ширкати ҳавонавардии Pegasus Airlines тааллуқ дорад

Дар Истанбул бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар се нафар ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмӯъ 183 сарнишин савори ҳавопаймо буданд

Ҳавопаймои мусофирбар, ки тариқи хатсайри Измир - Истанбул ҳаракат дошт, аснои дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул фуруд омадан суқут кард.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо аз хати фуруд ва нишаст берун баромада ба чуқурии 40 метр сарозер шуд. Зимнан, ҳавопаймо оташ гирифт ва ба се қисмат пора шудаст.

Қисмати пеш ва қафои ҳавопаймо аз қисми мобайнӣ ҷудо шуда, қаноти он низ шикастааст.

"Ҳодисаи суқути ҳавопаймо дар Эрон мумкин аст бо ҷосусӣ муртабит бошад"

Маълум гардидаст, ки дар дохили ҳавопаймо 183 сарнишин ва 6 халабон қарор доштанд. Омили асосии суқути ҳавопаймо номусоид будани ҳаво арзёбӣ мешавад.

Ба маълумоти Вазорати беҳдошти Туркия, бар асари суқути ҳавопаймо се нафар ҳалок ва 160 сарнишини дигар ба бемористон интиқол ёфтанд.

Барчаспҳо:
акс, Истанбул, ҳавопаймо, суқут

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ